Ширкати Мегафон бо таассуф аз бекор шудани рӯзи дуввуми ҷашнвораи «МегаФон life Fest»  хабар медиҳад.

“Ба далели вазъи саломатии яке аз аъзои гурӯҳи рэп-дуэт «HammAli & Navai» Александр Алиев,  иштироки ин гуруҳ дар ҷашнвора ва умуман рӯзи дуюми «МегаФон life Fest» бекор карда шуд” – хабар медиҳад ширкат.                                                                                                                                                         

Созмондиҳанда қайд мекунад, ки овозхон ваъда додаааст, бо барномаи консертӣ ба Душанбе биёяд. "Мегафон Тоҷикистон" ба ифтихори 20 -умин солгарди ширкат ва 30 - умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 3 октябр дар "Наврӯзгоҳ" -и пойтахт ҷашнвораи "MegaFon life Fest" -ро ташкил кард.  Баста, Ҷаҳ Халиб, Сафармуҳаммад, Чоршанбе Аловатов, Меҳрона Ғайбулаева ва Кашер дар барномаи консертии фестивал ҳунарнамоӣ карданд.

Ширкат имрӯз, 4 октябр, нақша дошт, ки ҷашнвораро бо иштироки рэп-дуэти "HammAli & Navai" идома диҳад, аммо бинобар саломатии меҳмонон ба натиҷа нарасид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.