Даҳҳо гӯшаҳои фароғативу фаъол ва ситораҳои сатҳи минтақавӣ. MegaFon Life Fest барои Тоҷикистон ба як ҷашни беҳамто табдил ёфт.

Барои радиои "Азия-Плюс" низ. Бори аввал мо студияи сайёр ташкил кардем ва аз маҳалли ҳодиса ба пахши мустақим баромадем. Гӯшаҳои кӯдакона, варзишӣ, фароғатӣ, Гӯшаҳои ҷустуҷӯи истеъдодҳо, блогерон, фудкорт, ки он ҷо ҳам гамбургеру питса ва ҳам оши тоза пешкаш мешуд.

Чандин сарояндаи маҳаллӣ ва ду ситораи сатҳи минтақавӣ, кумири миллионҳо ҷавонон - Ҷаҳ Халиб аз Қазоқистон ва Баста аз Русия.

Дар бораи чӣ гуна ҷараён гирифтани фестивал навбатдори мо дар шаҳр гузориш медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.