Ҳамасола дар Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун “Рӯзи забони тоҷикӣ” таҷлил мешавад.

Бо вуҷудли он ки дар солҳои истиқлолият барои рушди забон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуданд, вале ҳанӯз ҳам бархе забоншиносон онро танқид мекунанд ва дар бораи номукаммал будани он сухан меронанд. Онҳо дар забони мардум то имрӯз боқӣ мондани калимаҳои зиёди русӣ ва дар вақти муошират аз онҳо фаровон истифода намудан, надонистани тарзи дурусти навишти калимаҳо ва ғайра шикоят мекунанд.

Ба муносибати ин рӯз мо як суолномаи кӯтоҳ омода кардем. Сатҳи дониши худро бо дарёфти ҷавобҳои саҳеҳ муайян кунед.