Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар вилояти Суғд қарор дошта, дар доираи ин сафари корӣ аз майдони сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

“Корҳо тибқи ҷадвал ҷараён доранд. Дар назар дорем, ки сохтмони мактаб то 1 сентябри соли 2022 ба поён мерасад”, - гуфтааст сафир.

Мактаб барои бо таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар қаламрави маҷмааи мактаб майдонҳои бозии футболу волейбол, баскетбол ва дигар майдонҳои вразишӣ ҷойгир мешаванд. Дар дохили бино сохтмони толори варзишии зимистона ва ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сурат аз сафорати Русия дар Тоҷикистон

Сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия ташаббуси муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия аст. Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.

Сурат аз сафорати Русия дар Тоҷикистон

Чунин мактабҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Барои сохтмони ҳар кадоме аз мактабҳо ҳудуди 1 млрд 200 млн рубли русӣ ҷудо карда мешавад.

Бо мақсади сохтмони мактаб дар Душанбе бо қарори раиси пойтахт ҳудуди 2 гектар қитъаи замин ҷудо шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, бинои мактаб барои таҳсили 1,2 ҳазор хонанда дар маҳаллаи Зарафшон, дар палдӯи бинои сафорати ИМА дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукумат президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла президенти Тоҷикистон масъалаи дастгирии забони русиро баррасӣ кардааст.

Он замон ӯ аз вазири маориф дархост намуд, ки доир ба корҳо дар Тоҷикистон дар ин самт пешниҳодоти мушаххас ироа намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.