Муҳоҷирони корӣ метавонанд ба тариқи қарз аз Русия пул фиристанд. Ин имкониятро ба онҳо аз 11 октябр низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" фароҳам меорад. Дар ин бора Николай Смирнов, раиси Шӯрои директорони ширкат ба “Ведомости” хабар додааст.

Вай изҳор доштааст, ки дар оғоз муҳоҷирон метавонанд ба миқдори аз 5 то 15 ҳазор рубл қарз гиранд.

"Фоизҳо дар давоми 21 рӯз ҳисоб нашуда, баъдан меъёри он 1% дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал интиқол тариқи қарз дар ҳама дафтарҳои кории “Мегафон” дастрас буда, минбаъд роҳандозии чунин хидматрасонӣ дар тамоми воҳидҳои зерсохтори “Золотая корона” ба нақша гирифта шудааст. Қарзҳо аз ҷониби ширкати қарзии хурди "Страна экспресс" дода шуда, минбаъд пайвасти шарикони нав имкон дорад", - гуфтааст Смирнов.

Тавре дар ширкат зикр кардаанд, гузашта аз ин, муҳоҷирони корӣ метавонанд мустақиман дар замима барои барои интиқоли пули "Золотой Корона" қарз дастрас намоянд. Ҳамзамон, агар шумо қарзро дар муҳлати бефоиз, яъне дар давоми 21 рӯз баргардонед, аз маблағи қарзи гирифтаатон зиёд пардохт намекунед, яъне агар 5 ҳазор рубл гирифта бошед, ҳамин қадар бармегардонед. Дар сурати таъхир, барои 5 ҳазор рубли гирифта лозим меояд, ки беш аз 1,5 баробар зиёдтар - 8 ҳазору 150 рубл пардохт кунед.

Худи низом аз ҳисоби хидматрасонӣ ба мисли интиқоли муқаррарӣ, яъне комиссия (меъёри заминавӣ - 1% аз маблағи пардохт аст, аммо на бештар аз 1000 рубл, 20 доллар ё 15 евро) фоида мегирад.

Бино ба маълумоти "Коммерсант", моҳи июн низомҳои интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ 720 млн доллар фиристодаанд, ки натиҷаи беҳтарини се сол маҳсуб меёбад.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муштариёни асосии низоми интиқоли пул мебошанд, солҳои 2020-2021 коҳиш ёфта, лекин даромади онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин омил афзоиши ирсоли маблағро ба ватанашон таъмин кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.