Пеш аз оғози мавсими шинонидану гулу бутта ва дарахтон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат намуд.

Дар муроҷиатномаи худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, Рустами Эмомалӣ аз аҳолии пойтахт даъват намудааст, ки Душанбе ба “Шаҳри гулрез” табдил дода шавад.

Ӯ аз сокинони шаҳр даъват мекунад, ки дар маъракаи шинонидани гулу бутта ва дарахтон фаъолона саҳм гузоранд.

“Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ,  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд”, - зикр мешавад дар муроҷиатнома.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати умум зиёда аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки қариб 2,5 млн бех зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Ба муносибати нишастҳои СҲШ ва СААД, ки нимаи моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ҳудуди 7 млн бех гулҳои гуногун шинонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.