Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии  Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардоштаву дар беморхона бистарӣ гардидааст, шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад вазир бо рафти табобати Мавзунахон шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизматрасонии  саривақтӣ ба ӯ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тавре иттилоъ  дода  шуд, айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола  муътадил буда, он зери назорати махсуси табибон қарор дорад.

Зикр мешавад, ки Абдуллозода бо Мавзунахон сӯҳбат намуда, таъкид дошт, ки табобати ин духтар  пурра аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ройгон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Мансур Мирзоаҳмедови 39-сола шаби 1 ба 2 октябр ҳамсари 32-сола, сипас духтарони 8 ва 11-солаашро бо корд захмӣ кард.

Дар натиҷа духтари 11-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсар ва духтари 8-солааш бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.