Ҳафтаи равон дар қонунгузорони Тоҷикистон барои таълими динӣ тавассути интернет ҷазо ҷорӣ гардид. Бар асоси тағйироти нав дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамакнун ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ то се сол зиндонро дар бар мегирад.
Қаблан барои чунин қонушиканиҳо танҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб – аз 48 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Ин тарҳ аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон фиристода шуд ва рӯзи 6-уми октябр муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ Нусратулло Мирзоев онро дар назди вакилон муаррифӣ кард ва гуфт, 95 дарсади афроде, ки ба гурӯҳу созмонҳои тундгарон гаравидаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд.
Мирзоев афзуд, давоми солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи аввали соли ҷорӣ 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор шудааст. Миёни онҳое, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданду ошкор шудаанд, 43 нафар имомхатиб, 983 нафар рӯҳонии ғайрирасмӣ, 32 омӯзгор ва 17 донишҷӯ ҳастанд.
Манъ ва “шикор”-и мадрасаҳо
То чанд сол пеш аҳолӣ метавонистанд, ки кӯдакони худро дар назди руҳониёни маҳаллӣ ва мадрасҳои динӣ ба таълимоти мазҳабӣ ҷалб кунанд. Вале соли 2018 баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, таълими динӣ ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ вогузор шуд.
Аз ин пештар мақомот ба “шикор”-и мадрасаҳои динӣ пардохта, чанде аз онҳоро баста буданд. Сабаби онро мақомот пешгирии гароидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ унвон менамуданд.
Ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо масоили динӣ тадрис намешавад. Ҳарчанд, барои хонандагони синфҳои 9 дар мактабҳои миёна дар як ҳафта як соат дарси “Таърихи дин” омӯзиш дода мешавад, вале ба гуфтаи коршиносон ин кам аст.
Баҳои таълимоти олии динӣ дар Тоҷикистон: аз 3,5 то 5,2 ҳазор сомонӣ
Масъулини ягона таълимгоҳи давлатии динӣ дар кишвар – Донишкадаи исломии Тоҷикистон (ДИТ) мегӯянд, ҳамасола ҳудуди 200 нафар донишкадаро хатм мекунанд ва бештари онҳо дар масҷидҳо имомхатиб ва ё дар мактабҳо муаллим мешаванд. Қисми дигари хатмкунандагони донишкадаи исломӣ дар шуъбаҳои танзим, анъана ва ҷашну маросим кор мекунанд.
Зокирзода Нусратулло, ректори ДИТ дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, донишкадаи мазкур талаботи аҳолиро пурра қонеъ мекунад ва ҳоло дар он беш аз 850 нафар таҳсил мекунанд.
«Соли равон тахминан 165 нафар донишкадаро хатм карда, тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) 195 нафар ба муассиса дохил шуданд, ки дар байни онҳо се-чор духтар ҳам ҳаст»,- гуфт Зокирзода.
Мавсуф гуфт, қабули донишҷӯён ба муассисаи динии мазкур тавассути ММТ сурат мегирад ва шартномаи солонаи донишкада аз 3,5 то 5,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Донишкада дорои 2 факултет: улуми исломӣ ва филологияи шарқ ва 8 кафедра: шариати исломӣ, улуми Қуръон ва ҳадис, фанҳои табии ва иттилоот, илмҳои ҷомеашиносӣ, педагогика ва мероси ниёгон, забон ва адабиёти араб ва забонҳо мебошад.
Донишҷӯёнро номзадҳои илм, шахсиятҳои саршиноси динӣ ва таълимдидагони худи донишкада дарс медиҳанд ва тадрис дар он дар асоси таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам ба роҳ монда шудааст.
«Мо номзади илмҳои ҳуқуқ, фалсафа, филологӣ, педагогӣ ва ғайра дорем. Шумораи умумии омӯзгорон беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад», - гуфт ректори донишкада.
Зокирзода гуфт, ки онҳо баъди хатми донишҷӯён низ кӯшиш мекунанд, онҳо дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд ва дар истеҳсолот кор кунанд.
«Дар баробари таълимоти динӣ, дар донишкада ҳамчунин таълимӣ дунявӣ дода мешавад, то хатмкунандагон дар оянда бекор намонанд Асосан мароми мо ба таълими дурусти динӣ фаро гирифтани донишҷӯён аст»,- хулоса кард Зокирзода.
Таълими динии волидайн ва дарси таърихи дин дар мактаб
Ягона роҳи васеъи омодагии довталабон барои қабул ба донишкадаи исломӣ гирифтани таълимоти ибтидоии динӣ дар муҳити хонаводагӣ аст. Чунки тибқи қонун, наврасони тоҷикро танҳо волидони онҳо метавонанд таълими ибтидоии динӣ диҳанд. Инро чанд сол пеш раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҳам тасдиқ кард ва гуфт, дар чунин ҳолат касе онҳоро ҷазо намедиҳад.
«Як муддат таълими динӣ мавриди сӯиистифода қарор гирифт. Агар мо беназорат монем, сӯиистифода шуданаш аз ҷониби гуруҳҳо вуҷуд дорад. Ин як чизи инкорношуданӣ аст. Пешниҳодҳо вобаста ба таълимоти динӣ ҳастанд ва мо баррасӣ дорем, ки кадом шаклро ба мардум пешниҳод кунем», - гуфта буд Давлатзода.
Ҳамчунин, ҳоло дар мактабҳои миёна хонандагони синфи 9 дар як ҳафта як соат фанни “Таърихи дин” меомӯзанд.
Зимнан соли равон, дарси "Ахлоқ ва маърифат", ки исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактаб мехонданд, расман манъ шуд. Аз ин ба баъд ин дарс танҳо дар хона ва ҷамоатхона - ҷойи намозгузории исмоилиён тадрис мешавад.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили динӣ мегӯянд ба ғайр аз таълимоти “Таърихи дин” дар мактабҳо ва омӯзиш дар Донишкадаи исломӣ, бояд имомхатибони донишманд дар назди масоҷид гурӯҳҳои таълимии динӣ таъсис дода, ҷавононро бо розигии волидайн ва таҳти назорат ба таълимоти дурусти динӣ фаро гиранд.
Низоъшинос Саидаҳмад Қаландаров пештар дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфта буд, ин имкон медиҳад, ки хатмкунандагони он минбаъд тарғибгари исломи ноб шаванд ва барангехтани ҳар гуна ихтилофро дар ҷомеа пешгирӣ намоянд.
«Чунин гурӯҳҳои таълимии динӣ дар назди ибодатгоҳҳои баъзе давлатҳои дуниявӣ, масалан Фаронса, фаъолият мекунанд», - таъкид дошт Қаландаров.
Вале ҷомеашинос Зулайхо Усмонова дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, дар мактабҳои кишвар набояд таълимоти динӣ ҷорӣ карда шавад, чунки Тоҷикистон давлати дуниявӣ аст ва дин аз давлат ҷудост.
Ба гуфтаи Усмонова, барои он ки ҷавонон ба таълимоти дурусти динӣ таваҷҷуҳ кунанд, бояд ба онҳо тафаккури интиқодиро омӯзонд.
«На танҳо донишҷӯён балки омӯзгорон ҳам ба тафаккури интиқодӣ ниёз доранд. Муаллим набояд, андешаи худро ба сари хонанда бор кунад. Омӯзгор бояд таъкид намояд, ки нисбати ин масъала чанд назария ва ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, хонанда дар интихоби ақидаҳо озод аст ва метавонад таҳлил намуда, як аз ақидаро интихоб намояд», - гуфта буд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Усмонова.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста