Чанд рӯз пеш, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик Мавлона Наҷмиддинова 50 сола шуд. Ҳунари Мавлона муаррифигари шахсияташ буда, ӯ дар намоишнома ва филмҳои зиёде нақшҳои асосиро офаридааст. Ба муносибати 50-умин солгарди умраш мо бо ӯ суҳбате оростем ва фишурдаи онро пешкаш шумо мекунем.

Сабаби рафтани ҳунарманд аз театр

Ӯ дар аввали суҳбат аз таърихи интихоби касбаш гуфт:

“Ман ба ду касб меҳр баста будам: аввал табиб баъд ҳунарманд. Ду маротиба кӯшиш кардам ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, вале нашуд. Сипас, бидуни огоҳиву розигии волидон ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо супоридам ва ба ин ҷода қадам ниҳодам. Фикр мекунам, ин касб дар рагу пайванди ман ҷой шудааст ва ишқу меҳри ин ҳунар маро то ин ҷо расонид ва раҳоям накард.

- Фаъолиятро аз театри “Аҳорун” оғоз кардед. Чӣ сон ба ин боргоҳ ворид шудед ва ба чӣ сабаб аз ин театр рафтед?

- Муҳити Театри “Аҳорун” бо шукӯҳу шаҳомати беандозааш моро ба олами театр ворид кард. Дар соли дуввуми таҳсил аллакай дар ин даргоҳ нақши марказии Тарсо - духтар аз намоишномаи “Шайх Санъон”-ро бозидам. Минбаъд, дигар саҳнаҳо маро ба театр жарфтар ворид сохт ва дилбастаи театр кард.

Соли 2004 ба Театри русии ба номи Владимир Маяковский даъват шудам ва замони серкориву серташвишӣ ва дар ду театр фаъолият карданам шурӯъ шуд. Дигар вақт намеёфтам,  ки дар Театри “Аҳорун” намоишномаҳои навро рӯи саҳна бимонам ва ба хотири гап нашунидан аз роҳбарияти театр аз ин боргоҳ рафтам.

Сабаби дигар иҷоранишиниам буд. Аз сабаби он ки Театри Маяковский маблағи иҷораи маро ба гардан гирифт ва маоши баланд пешниҳод кард, ман розӣ шудам.

- Воқеан, Театри “Аҳорун” фаъолияти ирфониро пеш гирифта буд. Ин барои Шумо чӣ қадр ошно буд?

- Вақте аввалин бор ба театр рафтам, тамринҳоро дида ба худ гуфтам: “Худоё, маро ба театри девонаҳо овардӣ?” Замоне, ки Фаррух Қосимов нақши марказии Тарсо - духтарро ба ман супориданд, ҷиддӣ напазируфтам. Шояд дар байни 24 нафар мард, танҳо як ман зан будам, ноз мекардам ва ин нозамро онҳо мебардоштанд. Лекин оҳиста-оҳиста нақшҳову намоишҳои ирфонӣ қисми муҳими ҳунарам шуданд ва худро дар ин олам эҳсос кардам.

Театрҳои тоҷик беҳунарманд мемонанд

- То ҷое медонем, дар намоишномаи маъруфи “Юсуфи гумгашта” нақш доштед. Чаро онро набозидед?

- Дар он намоишнома нақшҳои асосиро устод Қурбони Собир ва Сабоҳат Қосимова меофариданд, ман ва Хуршед Мустафоевро муаллими роҳнамо Фаррух Қосимов дар он “дублёр” гирифтанд. Мо тамрин намудем ва нақшро дар назди устод ва дигар ҳунармандон бо баҳои баланд супоридем. Вале аз сабаби он ки Сабоҳат Қосимова гуфтанд, ин нақш фарзанди эшон аст, ман аз нақшофарӣ даст кашидам.

- Чаро “Аҳорун” пош хӯрд? Ва чӣ монеа ҳаст, ки имрӯз он ҳунармандон як ҷо сарҷамъ нашаванд?

- Вақте ҳамаи ҳунармандони аз саҳнаи “Аҳорун” баромада сарҷамъ шаванд, театрҳои тоҷик ҳунармандони хубашонро аз даст медиҳанд. 

Сабаби аслии пош хӯрдани Театри “Аҳорун” бемор шудани Фаррух Қосимов буд. Замоне ки устод бемор шуданд, кори театр ранги дигар гирифт. Дар “Аҳорун” намоиши нав дигар эҷод намешуд ва ҳамаи тамринҳо болои намоишномаҳои пешина равона мешуданд. Он вақт дар ин боргоҳ чанд беҳунар теша ба решаи ҳунар заданд. Онҳо аз бемории устод истифода карда нагузоштанд, ҳунармандони ҷавоне, ки шӯру шар доштанд, ҳунарашонро ба саҳна гузоранд. Намоишномаҳо сабуку сатҳӣ шуданд ва ормонҳои бунёднамудаи Фаррух Қосимов фаромӯш гардид. Он шахсе, ки ҳунари худро қадр мекард, аз “Аҳорун” рафт.
Ҳангоми иҷрои нақш дар намоишномаи "Гвнҷишкакон ҳам механданд"

Нақши мардонаи Мавлона

- Фоҷеа ё мазҳака. Кадом нақш барои Шумо писанд аст?

- Фоҷеа. Чун одамизод бедард намешавад ва нақши фоҷеавӣ инсонро сабук мекунад. Як фоҷеае, ки дар саҳнаи гузошта мешавад, на дарди як ё ду нафар, дарди садҳову ҳазорҳо инсон аст. Вале мазҳакаро ҳам дӯст медорам.

- Рост аст, ки Мавлона нақши мардона бозидааст ва оё он душвор набуд?

Вақте нақши мардонаи Динис аз намоишномаи “Однажды в уезде” аз рӯи ҳикояҳои Чехов ба ман пешниҳод шуд, аз коргардон Баҳодур Миралибеков пурсидам: «Ман як занам! Чаро нақши занона нагирам?» «Ман Динисро дар ту мебинам», - гуфтанд он кас.

Сар аз қадамзанӣ, то сигоркашӣ, табаки бар қоғаз печида, бо дандон кандан ва ҳатто доштани як шиша ё ашёи дигар – ҳама сар то по душвор буданд ва азиятам медоданд. Лекин ҳамон нақшҳои бо заҳмат рӯйи саҳна овардаам, бароям хеле азизанд. Он чиро, ки ба саҳлу осон ба даст овардам, наздам қадре надорад.

Аз рақобат то набудани бинанда дар театри тоҷик

- Дар театри тоҷик рақобатро мебинед?

- Замоне рақобат вуҷуд дошт. Фаррух Қосимов, Барзу Абдураззоқов, Султон Усмонов, Баҳодур Миралибеков ва дигар коргардонҳо байни ҳам рақобати солими эҷодӣ доштанд ва ҳар кӣ талош меварзид, то намоишаш аз дигар намоишҳо фарқ кунад. Он вақт театри тоҷик дар авҷ буд ва саҳнаҳои театри тоҷик ба ҷӯш омада буданд. Ҳоло ин гуна нест, рақобатҳои носолим байни театрҳои мо вуҷуд дорад. Рақобат танҳо аз озмуни “Парасту” то “Парасту”” ҳис мешавад.  Агар рақобат набошад, ҳунар ба сӯи нобудӣ меравад, аз ин рӯ бояд дар соҳаву ҷодаи ҳунар рақобатҳои солим барқарор шаванд.

- Ба фикри шумо, сабаби камбинанда шудани театри тоҷик дар чист?

- Касеро ранҷониданӣ нестам, вале аксари ҷавонони имрӯза на ақл доранд, на фаҳмиш ва на фарҳанг. То вақте пиру барнои мо ба китоб ва китобхонӣ рӯ наоранд, ба театр намеоянд. Аммо ин мушкилии ҷиддӣ имрӯз саҳл пазируфта шудааст. Ҳатто бузургсолон ба театр намеоянд. Бо ин ҳол пеш нахоҳем рафт. То замоне ба фарҳанг арҷ нагузорем ва жарф нанигарем, ба худшиносии миллӣ нахоҳем расид. Ва театр бар ин ҳама замина хоҳад гузошт.


Дарҳои ҷомеаро дар саҳна касе намебинад...

- Яке аз сабабҳои наёмадани мардумро ба театр дар саҳна надидани дарди ҷомеа медонанд. Ин дардҳо чаро ба саҳна гузошта нашаванд?

- Дардҳои ҷомеа дар саҳна гузошта мешаванд, вале касе намебинад. Гуруҳе ба театр меояд, чун фарҳанг надоранд, ба рафти намоиш халал мерасонанд, гап мезананд, телефонбозӣ мекунанд, чиз мехӯранд... Парвое надоранд, ки дар саҳна кадом “ҳунарманди бесаводи девонаи бекормонда” чӣ мегӯяду чӣ мемонад. Ҳатто медонед, масъулини фарҳанг ба театр намеоянд. Ягон нафаре, ки муваззаф мешавад (то супориш нашавад, бовар кунед, ҳамонҳо ҳам намеоянд), ҳатто ҳамон ҳам дер мекунад. Борҳо шудааст, ки дар зимистон бо як либоси нафис мо – ҳунармандон дар паси саҳна соатҳо омадани фалонӣ ҷанобро интизор шудаем. Бубинед, агар ки мо – ҳунармандон ҳам “эшон”-ро мунтазир шавем, тамошобини мо мунтазир нахоҳад шуд. Дар ин ҷамъ шояд нафароне ҳам бошанд, ки аввалин бор ба театр меоянд. Бо мунтазир мондани фалонӣ ҷаноб ӯ аз театр чӣ таассурот хоҳад бардошт, намедонам. Аниқ аст, ки дигар ба театр намеояд. Лекин мо ба хотири охирин тамошобини воқеӣ ҷон меканем.

Ҳатто бархе журналистон намоишро нодида, номашро нафаҳмида, лаҳзае тамошо накарда, аз театр “матлаби журналистӣ” менависанд. Аз мо мепуранд, “дар бораи намоишнома як чӣ гӯед”. То ба кай чунин мемонад ва моро дар пеш чӣ интизор аст, намедонам.


Донишкадаи фарҳанг аз нафарони камҳунару беҳунар пур шудааст

- Чаро дар Донишкадаи санъат фаъолият надоред ва дарс намегӯед?

- Намехоҳам дар муҳите кор кунам, ки ба мавқеи ман мувофиқ набошад. Он боргоҳ имрӯз аз нафарони камҳунару беҳунар пур шудааст ва барои ман дар чунин муҳит кор кардан душвор аст. Ҳамаро дар назар надорам, вале баъзе ба ном устодоне он ҷо дарс мегӯянд, ки на аз ҳунар бӯй бурдаанд ва на аз таърихи ӯ. Ҳатто донишҷӯёне, ки аз ин донишкада ба театр меоянд, дар назди мо корро аз сифр оғоз мекунанд. Ба ман пешниҳодҳо буд, вале рад кардам, наметавонам дар ҳамон муҳит кор кунам, виҷдонам азобам медиҳад. Ин боргоҳи муқаддас замоне Донишкадаи ҳунарҳои зебо буд, ҳоло – на, мавқеашро аз даст додааст.

- Мавлона чанд вақти дигар иҷора менишинад?

- Дар Душанбе хона надошта бошам ҳам, дар деҳаамон соҳиби манзил ҳастам. Аз ин рӯ, якчанд соли дигар дар Душанбе мемонам ва баъд меравам ба деҳа.

- Шиоратон чист?

- Ҳар лаҳзае, ки аз по афтодам, худ мехезам, касе дасти маро нагирад!