Аз 1 то 10 октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зиёда аз 40% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, нақша аз рӯйи натиҷаҳои даҳ рӯз дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ (ВМКБ), ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (вилояти Хатлон), Сангвор, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат (Ноҳияҳои тобеи марказ) 100% иҷро шудааст.

“Давоми даҳ рӯз нақшаи даъват дар ВМКБ – 96,1%, НТМ – 60,6%, вилояти Суғд – 32% ва Хатлон – 29% ба иҷро расид”, - гуфт Маҳмадализода.

Дар комиссариатҳои ҳарби чор ноҳияи шаҳри Душанбе иҷрои нақшаи даъват 49%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола аз 1 октябр то 30 ноябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.