Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 20 октябр маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени «Спитамен» дараҷаи I ба Батрканова Кизат Жилкибаковна - модари марҳум, сержанти хурди баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич баргузор гашт.

 Раҷан Батрканов 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд.

Бино ба иттилои сафорати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон, дар маросим аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Сурат: inform.kz

Гуфта мешавад, сафир Хайрулло Ибодзода баъд аз суханони ёдбудӣ ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 252 аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен» дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич ироа намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.

Раҷан Батрканов

Зикр мегардад, ки хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон дар суханрониҳои худ ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хидмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.