Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” (ФБД) ба зиёда аз 613 ҳҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ анҷом додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

“Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 613,035 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3% ё худ 225,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ФБД.

Гуфта мешавад, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2021 – 965,8 тонна (152,6% зиёдтар нисбат ба 9 моҳи соли гузашта)-ро ташкил дода, дар ин давра аз фурудгоҳ 46 293 кг маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешаванд.

“Инҳо 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ мебошанд”, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе айни замон ба 13 шаҳрҳои Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.

Дар хадамоти матбуоти ФБД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки раҳбарияти фурудгоҳ кормандонеро, ки соли гузашта ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, тадриҷан ба ҷойҳои кориашон баргардонида истодааст.

“Асосан кормандони хадамоти техникӣ, ки бевосита бо мусофирон сарукор доранд, ба кор даъват мешаванд”, - гуфтанд дар он ҷо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.