Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабари заҳролудшавии 40 нафар маҳбус дар зиндони шаҳри Ваҳдатро рад намуд.

Хабари заҳролудшавии маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат аз оби зеризаминӣ, ки аз ночорӣ аз он истифода мекарданд, субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Сабаби заҳролудии об афтидани ҷондоре ба об шарҳ дода мешуд.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ҳолати заҳролудшавии гурӯҳи маҳкумшудагон дар натиҷаи истеъмоли оби ошомидании муассисаи ислоҳии навбунёди ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат ягон асосои воқеӣ надорад

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшудагон дар муассисаи мазкур бо тартиби муқарраградида адои ҷазо намуда истодаанд.

“Дар қисмҳои тиббӣ ва дигар маҳалли адои ҷазо ягон нафар маҳкумшудагон бо заҳролудшавӣ муроҷиат накардаанд ва чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст”,- омадааст дар вокуниши  СИҶҶ.

Ин ниҳод мегӯяд, 20 августи соли 2021 дар муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти об гузаронида шуда, ки тибқи хулосаи мутахассисон оби муассиса ҷавобгўи талабот буда, барои истифода иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки санаи 7 июли соли 2019 – 14 нафар маҳбус ҳангоми интиқол аз зиндонҳои вилояти Суғд ба дигар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҳангоми истеъмоли нон заҳролуд ва ҳалок шуда буданд.