Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH), дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти қаблии ҷонибҳои 26-ум Конфронси конвенсияи қолабии СММ оид ба тағирёбии иқлим (UNFCCC) - ро баргузор намуд, ки дар он ҳамаи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ даъват карда шуданд.

Нишасти мазкур таҳти раёсат ва роҳбари муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мавлодод Абдулқодир, сардори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода ва директори иҷроияи AKAH Ҳади Ҳусанӣ баргузор гардид. Ҳадафи он муҳокима ва мубодилаи мавқеи миллӣ ва омодагӣ ба конфронси дар пешистода бо таваҷҷӯҳ ба нақшаи чорабиниҳоии  ҳамкории  эҳтимолӣ  ва талошҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тағирёбии иқлим дар кишвар мебошад.

Пас имзошавии Созишномаи Париж дар соли 2015 ин конфронси мазкур яке аз муҳимтарин чорабиниҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб рафта, дар кампуси чорабиниҳои Шотландия (SEC) дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир баргузор мегардад. Интизор меравад, ки беш аз 30,000 нафар зиёда аз 200 кишвар, созмонҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар ин чорабинӣ иштирок зоҳанд намуд .


Шарти асоси ҳамаи кишварҳо ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳим, пешниҳоди саҳми муайяншудаи миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бомуваффақият аллакай пешниҳод намуда, нақшаи чорабиниҳо ва дастовардҳоро тибқи афзалиятҳои муқарраршуда муаррифӣ хоҳад кард.

Конфронс панҷ ҷабҳаи афзалиятноки зеринро дар бар хоҳад гирифт:

1. Мутобиқшавӣ ва тобоварӣ/устуворӣ: “Ҷиҳати мутобиқ шудан ва омодаги инсон, иқтисодиёт ва муҳити зист ба таъсироти тағирёбии иқлим".

2. Табиат: "Ҳифзи экосистемаҳо, ҳифзи манзилҳои табиӣ ва пешгирии хориҷшавии газҳои гамхонавӣ".

3. Энергия: "Истифодаи иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва захираи нисбатан арзон".

4. Тезонидани гузариш ба истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ устувор ва безарар: "То соли 2040, беш аз нисфи фурӯши мошинҳои нав дар ҷаҳон аз ҳисоби мошинҳои электрикӣ сурат мегирад".

5. Молия:  “Ҷаҳоннисозӣ  ва  озодии  молиявӣ  ҷиҳати  ба  даст  овардани            иқтисодиёти ҷиҳати экологӣ безарар".


Зимни ин нишаст, бо назардошти таъхирнопазирии вазъи кунунии тағирёбии иқлим, AKAH равиши муқовимат ба муҳити зист аз тағирёбии иқлим муаррифӣ намуд. Ҳар як намояндаи вазорату кумитаҳои дахлдор дастоварду нақшаи чорабиниҳоро дар самти ноил шудан ба саҳми муайяншудаии миллӣ ва ӯҳдадориҳо оид ба коҳиш додани таъсири тағирёбии иқлим ба бахшҳои мухталифи кишвар муаррифӣ карда, нақшаи намоиши корҳоро дар COP26 мубодила намуданд, ки чораҳои зеринро дар мегиранд:

- Стратегияи СММ барои Тоҷикистон ва тавсия оид ба такмили минбаъдаи он.

- Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда.

Тавре зикр гардид, ҳайати Тоҷикистон дар наомишгоҳи Осиёи Марказӣ дастовардҳо ва нақшаҳои марбут ба ин афзалиятҳоро Осиёи Марказӣ ҷудошуда муаррифӣ хоҳад кард. Намоишгоҳ ба кишварҳо инчунин имкони:

- Таҳияи шарҳи мухтасари иқдому ҳадафҳои кишвар дар робита бо стратегияҳои кам кардани партобҳо ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим дар навсозии саҳми эҳтимолии миллии муайяншуда

- Маълумот додан дар бораи стратегияҳои қабулшуда ва банақшагирифташуда оид ба қоҳиш кардани хориҷшавии газҳои гармхонавӣ ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, саъю талошҳо ва эҳтиёҷоти дохилӣ барои манбаъҳои маблағгузории берунаи чорабиниҳои марбут ба иқлим.

- Таъмин намудани платформа барои фароҳам намудани воситаи изҳороти сатҳи баланд, инъикоси матбуоти васоити ахбори омма, муҳокимарониҳо ва табодули таҷриба ва инчунин барқарор кардани робитаҳои нав бо минтақаҳои дигар ва гурӯҳҳои ҷонибҳои манфиатдор.

- Баланд бардоштани эътимоди Осиёи Марказӣ роҷеъ ба мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсирҳои тағирёбии иқлим, аз қабили гузариш ба иқтисоди экологӣ, манбаъҳои барқароршавандаи барқ ва рушди устувори иқлим.

- Тавсеаи фарогирӣ ва паҳнкунии маълумот дар бораи тағирёбии иқлим тавассути ВАО ва интишори мақолаҳо, подкастҳои коршиносон оид ба мушкилот ва имконот дар Осиёи Марказӣ ва дар саросари ҷаҳон.

- Ҷудо намудани макон дар намоишгоҳ барои ҳайатҳои расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таҳкими шарикии мавчуда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ.


Дар асоси натиҷаҳои нишасти мазкур, мавқеии ниҳоии расмии Тоҷикистон барои Ҳукумат ва шарикони дахлдори рушд ҷиҳати муаррифии минбайъдаи он дар Конфронси дарпешистода дар Глазго дар моҳи ноябр таҳия мегардад.

Дар бораи Конфронси 26-ум

Конфронс барои андешидани қадамҳои навбатии муҳим дар раванди тағирёбии иқлим дар СММ тарҳрезӣ шудааст. Созишномаи зерин оид ба роҳнамоии татбиқи Созишномаи Париж дар COP 25, ҳадафи калидӣ анҷом додани якчанд масъалаҳо барои пурра ба кор андохтани Созишномаи тағирёбии иқлим мебошад. Маълумоти бештарро дар вебсайти президентии COP26 пайдо кардан мумкин аст: https://ukcop26.org

Маълумот оид ба Агентии Оғохон оид ба макони зист

Агентии Оғохон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғохон , Фонди Шоҳзода Садриддин Оғохон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд. Тавассути ин ташаббус, Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғохон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушду равнақ карда метавонанд, таъсис дода шудааст.

Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ба таъмин намудани он равона шудааст, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар чунон шароити физикие умр ба сар баранд, ки онҳоро то ҳадди имкон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад; сокиноне, ки дар минтақаҳои дорои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд, ба рафъ намудани офатҳо аз ҷиҳати омодагӣ ва посух қодир бошанд; ва чунин шароит дастрасӣ ба он гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва молиявиро фароҳам оранд, ки боиси пайдо шудани имконоти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ мегарданд. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон мебошанд. Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat