Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии "ИрАэро"-и Иркутск ҷиҳати иҷрои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷоза дод. Фармони марбута дар ин бора рӯзи 30 октябр дар сомонаи ин ниҳод ба нашр расид.

Гуфта мешавад, ширкат аз 7 шаҳри Русия ба Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ва аз 14 шаҳри ин кишвар ба Бохтар парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо метавонанд ҳафтае ду маротиба иҷро карда шаванд.

Ҳамчунин ин ширкат ҷиҳати анҷоми парвозҳо ба Амороти Муттаҳидаи Араб аз 29 шаҳри Русия, аз ҷумла аз Иркутск ба Рас-ал-Хайма, аз 25 шаҳр - ба Фуҷейра, аз 14 шаҳр - ба Дубай ва аз 11 шаҳр - ба Шарҷа низ иҷоза гирифт.

Ба Анталияи Туркия ширкати “ИрАэро” аз 8 шаҳри Русия парвозҳо анҷом дода метавонад.

Қобили зикр аст, ки то ин дам чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо шаҳрҳои Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро барқарор намуда, ба анҷоми парвозҳо аз минтақаҳои гуногуни Русия оғоз карданд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати ҳавопаймоии S7 аввали моҳи ноябр ифтитоҳи хатсайрҳои доимиро аз Томск ба Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

Ба ин тариқ, аз 6 ноябр ширкат ба чор шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб парвозҳоро оғоз мекунад. Парвозҳо ба ҳар кадоме аз самтҳо ҳафтае як маротиба то охири моҳи марти соли 2022 анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин ширкати Utair Utair-и Русия парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут аз сар гирифт. Аз 5 ноябр шумори хатсайрҳо дар як ҳафта то 2 маротиба афзуда мешавад, хабар дода буд дафтари матбуоти ширкат.

Тибқи иттилои торнамои ширкат, ки парвоз бо ин хатсайр ҳоло танҳо ҳафтае 1 маротиба  анҷом дода мешавад: аз Сургут – рӯзҳои чоршанбе соати 19:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои панҷшанбе – соати 00:10.

Зикр шуда буд, ки шурӯъ аз 5 ноябр ширкати ҳавопаймоӣ роҳандозии боз як хатсайри дигарро ба ин самт ба нақша гирифтааст: аз Сургут – рӯзҳои ҷумъа соати 20:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои шанбе соати 01:10.

“Хатсайри мустақим ба Тоҷикистон барои сокинони минтақа лозим буда, аз ин рӯ, пас аз барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо мо парвозҳоро бо ин самт ба ҷадвал баргардонида, барои шароити мусоид фароҳам овардан ба мусофирон, шумори парвозҳор зиёд мекунем”, - шарҳ дода буд ин тасмимро президенти «Utair — Пассажирские авиалинии» Олег Семёнов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.