Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки дар шаҳри Маскав дар натиҷаи сӯхтор аз даст дода буданд, барқарор намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки 17 нафар шаҳрванди Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд, аз ҷониби Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҷуброни молу ашёи талафёфтаи 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтор бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби корфармо пардохт гардид.
Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух дода буд.
Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафар ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста