Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) Тоҷикисонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо сатҳи хатари сироятёбӣ ба бемории коронавирус маълум нест.
Ба иттилои манбаъ, дар феҳрасти «номаълум» кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ шомил шудаанд.
Аммо Қирғизистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки хатари сирояти COVID-19 дар он ҷо камтар аст, - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар сурати ба ин рӯйхат шомил шудани кишварҳо, ба шаҳрвандони ИМА тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба он ҷо худдорӣ намоянд.
«Аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунед. Агар шумо маҷбур бошед то вориди ин кишвар гардед, пас бояд пурра ваксина бигиред», - гуфта мешавад дар иттилоияе, ки Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА нашр кардааст.
Дар маҷмуъ ба ин феҳрист 39 кишвар ворид шудаанд, ки Камбоҷа, Куриёи Шимолӣ, Яман, Танзания, Тонго, Сурия ва ғайра шомили онанд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон то кунун ба ин иқдоми мақомоти беҳдоштии ИМА посухе надодаанд.
Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар кишвар, пас аз ду моҳи номнавис нашудани гирифторӣ ба COVID-19, танҳо 15-уми октябр ду ҳолати сироятёбӣ сабти ном шудаасту халос.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 15 нафар барои ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста