Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мерасонад, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран бояд ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.

Тавре дар сомонаи Намояндагӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, агар аъзои оила ва пайвандону наздикони муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки пайвандону наздикони онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии полиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.

Лозим аст, ки муроҷиаткунанда бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти бедаракшуда, маълумоти мухтасар дар бораи ҷоийи зист, ҷойи кор, наздикону пайвандон, ҳамкорон, дӯстон ва маълумот дар бораи симои зоҳириву охирон маълумот дар бораи шахси бедаракшуда, рақами мобилӣ ва расми рангаи онро бо худ дошта бошад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки агар бедаркашуда шаҳрванди Тоҷикистон бошад, пайвандон ва хешу ақрабои гумшуда барои мусоидат ва саривақт пайдо намудани ӯ бояд ба Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

 +7 (495) 690-38-46,

 690-41-86,

690-61-02,

+7 (495) 691-89-98.

ё ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия бо рақами:

+7 (495) 9679844,

ё почтаи электронии [email protected].

Агар маҳалли бедаракшавии шаҳрванд дар минтақаҳои Русия бошад, вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шаҳрвандон метавонанд ба Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург бо суроғаи зерин муроҷиат кунанд:

ш.Санкт-Петербург, кӯчаи Советская 2, хонаи 27/2

ё рақами телефонҳо

+7(812)490-47-46,

+7(812)490-47-50

ё ба почтаи электронии

[email protected].

Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа:

+7(347)2765296,

+7(347)2765296

ё ба почтаи электронии

[email protected].

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург:

+7(+343)3702360,

+7 (+343)3702362

ё ба почтаи электронии

[email protected].

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск:

 кӯч. Дзержинский 20,

+73833495970

ё ба почтаи электронии

[email protected].

Дар баробари ин, дар Русия ташкилотҳои волонтёрӣ барои пайдо намудани шаҳрвандони бедаракшуда кӯмак менамоянд, ки наздикони бедаракшуда метавонанд вобаста ба ҷойи истиқомат ба ташкилотҳои мазкур (дар суроғаи https://мвд.рф/upload/site1/folder_subdivision/000/785/999/) муроҷиат намоянд. Масалан, ташкилоти “Лиза Алерт” - рақами телефоне, ки тамоми муддати шабонарӯз фаъол аст - +7 (800) 700–54-52.

Илова бар ин, дар ҳолатҳои пайдо гардидани маълумоти иловагӣ оид ба шахси бедаракшуда ва пайдо гардидани он дар ҷойи истиқомат ва ё макони муайяни пайвандон ва наздикон муроҷиаткунанда вазифадор аст, ки мақомотҳои марбутаро барои пайдо шудани шахси бедаркшуда огоҳ намояд.

Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба ҷойи кор рафтан ва ё дар ҳолатҳои берун аз корӣ ҳатман бо худ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро (патент) дошта бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.