Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва кайҳонии ИМА (NASA) дастаи “Oogway Comics”-и Тоҷикистонро ғолиби даври нимниҳоӣ дар озмуни ҷаҳонии “Space Apps Challenge-2021” эълон кард.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, NASA Space Apps Challenge” бузургтарин ҳакатон дар ҷаҳон мебошад, ки беш аз 5 ҳазор дастаро дар зиёда аз 160 шаҳрҳои ҷаҳон фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни озмуни соли 2021, ки 2-3 октябри соли ҷорӣ баргузор гардида буд, дастаҳо барои пайдо намудани ҳалли инноватсионнӣ ба бархе аз мушкилиҳои илмӣ бо ҳамдигар рақобат карданд.

Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) ба иштироки 24 дастаи тоҷик дар «NASA Space Apps Challenge”, ки бори нахуст ин барномаро дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор намуд,  мусоидат кард.

Дастаи Oogway Comics дар ҳайати Тимур Шарифов, Малика Ачилова, Баҳодур Ишонхоҷаева ва Шероза Ҷӯраева вазифаи сохтани “астероидҳои моҳирона равшаншуда” бар душ гирифта, як китоби комикс ва барномаи мобилиеро таҳия кард, ки ба ҷавонон дар бораи Миссияи «Люси»-и NASA барои омӯхтани астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобӣ ) маълумот медиҳад.

Зикр мегардад, ки барои эътироф кардани лоиҳаи дастаи «Oogway Comics» NASA онҳоро ғолиби давраи нимниҳоӣ миёни 37 дастаи дигар интихоб кард. Моҳи декабри соли ҷорӣ, 10 дастаи ғолиб эълон мегарданд. Ғолибон имконият пайдо мекунанд, ки ба ИМА сафар карда, дар раванди ба фазо парвоз кардани мушак (ракета) иштирок кунанд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Поммершайм дастаи Oogway Comics-ро бо ин дастовард табрику таҳният гуфт. Oogway Comics ягона дастаест, ки кишварҳои ИДМ-ро имсол дар озмуни мазкур намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.