Рӯзи 22 ноябр маросими супурдани ҷоизаҳои “Glamour", маҷаллаи занонаи Русия баргузор шуд, ки дар он бонувони "барҷаста ва илҳомбахш" аз соҳаҳои мухталиф эътироф мешаванд.

Ин 17-умин маросими тақдими ҷоизаи "Занони сол" Glamour дар соли 2021 мебошад. Дар соли 2020 ҷоиза номи худро ба "Занони сол" иваз кард (қаблан он "Зани сол" буд), ки ба гуфтаи созмондиҳандагон, аҳамияти ҳар кадоме аз ҷоизагирон ва ҳамзамон иттиҳоди ҷомеаи кахрамонҳо ва хонандагонро таъкид месозад.

Glamour ҳамагӣ ҳашт нафарро аз рӯи номинатсияҳои асосӣ интихоб намуд. Аз ҷумла, мувофиқи овоздиҳии тамошобинон Ирина Старшенбаум бар Юлия Пересилд ғолиб омада, "Ҳунарпешаи (актрисаи) сол", Манижа - "Сарояндаи сол" ва Чулпон Хаматова - "Зани сол" эътироф шуданд.

Манижа ва Чулпан Хаматова
Сурат: Glamour

Овозхони тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин дар чараёни овоздиҳӣ дар сомонаи Glamour.ru аз овозхонҳои номзаде чун Земфира, Mary Gu, Мари Краймбрери ва Анна Asti пеш гузашт.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 - сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Манижа имсол дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ карда, бо суруди Russian Woman зинаи 9-умро ишғол намуд.

Чанде қабл Манижа хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд. Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр карда, зери он чунин навишт: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.