Шумори ҳодисаҳои таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он дар Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63% афзудааст.

Тавре Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 44 чунин ҳодисаҳо (ҳамин давраи соли 2020 - 27 ҳодиса) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин шумори содир гардидани чунин ҷиноятҳо низ нисбатан зиёд шудааст: одамрабоӣ (афзоиш - 50%), роҳзанӣ (46%), қаллобӣ (25%), барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (17%), одамкушӣ ва суиқасд ба он (11%).

Теъдоди ҷиноятҳои иқтисодӣ (порагирӣ, саркашии шахсони воқеӣ аз пардохти андоз ва ғайра) ба андозаи 4,1% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 5,2% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла ҳудуди 4,4 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 7,4% зиёдтар нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.