Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба ифтихор 80-солагии Лоиқ Шералӣ шоири саршиноси тоҷик нишасти байналмилалии маҷозие бо номи “Хонаи дил” баргузор мекунад. Муассисаи фарҳангии созмон хабар додааст, ки ин нишаст дар ҳамдастӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Эрон баргузор мешавад.
Ба навиштаи манбаъ қарор аст, ки дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва донишмандону пажуҳишгарони Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунанд
Гуфта мешавад, ки нишаст 7 декабр соати 15: 30 ба вақти Душанбе баргузор гардида, дар он ба ба ҷуз Хусрав Нозирӣ ва Низомиддин Зоҳидӣ, ҳамчунин, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон доктор Сарвари Мавлоӣ (аз Афғонистон), мутарҷими ашъори Устод Лоиқ ба забони узбекӣ Одил Икромӣ ва донишманди тоҷик Абдухолиқи Набавӣ пиромуни шахсияти фарҳангӣ ва осори устод Лоиқ ба баҳсу гуфтугӯ хоҳанд пардохт.
Муассисаи ЭКО алоқамандони осори Лоиқро барои ҳузур дар ин нишаст ба нишонии https://webinar.ecieco.org/ch/loiq даъват мекунад.
Дар ин нишаст ҳамчунин сурудҳо бар ашъори Лоиқ, шеърхониҳои ӯ ва аксҳои ин гӯяндаи замонҳо рӯнамоӣ ва муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, сафорати Тоҷикистон дар Эрон тасмим дорад бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон гулчини ашъори ӯро бо хатти форсӣ дар моҳҳои наздик чоп кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста