Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER нақши муҳими занони соҳибкорро дар рушди иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди кишвар таҷлил кард. Чорабинии мазкур дар доираи Ҷаласаи иқтисодии Душанбе - Сессияи 5 бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ва нақши занони соҳибкор дар мусоидат ба инноватсия ва рақамикунонии агробизнес бо вохурии байни занону духтарони ҷавони соҳибкор ва сохторҳои давлатӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хонум Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, соҳибкорони тоҷикро табрик гуфт, ки - Тибқи омори, аз соли 2012 то соли 2021 шумораи соҳибкорони фаъол дар ҷумҳурӣ аз 178 ҳазор нафар дар соли 2021 ба 342 ҳазор нафар афзуда, аз он ҷумла, шумораи соҳибкорони фаъол дар соли ҷорӣ ба беш аз 79 ҳазор нафар расидааст. Ман хам кайд кардан мехохам, ки дар солҳои охир теъдоди занони соҳибкор ба узвияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст».

Лоиҳа бо иштироки занони соҳибкор, ки ширкатҳоро дар рушди воситаҳои технологияҳои иттилотӣ барои кишоварзӣ ва иқтисод, машварат, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо намояндагӣ мекунанд, мубоҳиса баргузор намуд. Дар баҳс саҳм ва тағйироте, ки занони соҳибкор дар рушди иқтисоди кишвар доранд, таъкид гардид. Соҳибкорзанон инчунин дар бораи мушкилот ва монеаҳое, ки дар оғози тиҷорати худ доштанд, маълумот доданд.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER доираи хизматрасониҳои дастгирии соҳибкорони ҷавон, бахусус занонро тавассути омода кардан ва татбиқи маъракаи пешбурди соҳибкории занон, инчунин барномаҳои минбаъдаи роҳнамоӣ ва омӯзишӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба гендер такмил медиҳад. 322 нафар тоҷирони навкор, ки 128 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба соҳибкорӣ ташвиқ карда шуда, ҳамзамон тавоноии иқтисодии ширкатҳои мавҷуда тақвият ва нокомиҳои тиҷоратӣ коҳиш ёфтанд.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ GIZ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)” лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) барои баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. 

Аз 19 ноябри соли 2014 дар саросари ҷаҳон Рӯзи соҳибкори занон таҷлил мегардад, ки ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии соҳибкории занон дар саросари ҷаҳон бахшида шудааст. Ин ҷашни байналмилалӣ бори нахуст дар Ню-Йорк таҳти сарпарастии СММ баргузор шуда, чорабиниҳо дар 144 кишвари ҷаҳон амалӣ карда шуданд. Рӯзи соҳибкории занон аз ҷониби Венди Даймонд, соҳибкори иҷтимоӣ ва гуманитарии амрикоӣ таъсис ёфтааст. Ҳангоми сафари худ ба Гондурас вай дар Фонди Аделанте корманди ихтиёрӣ буд, ки ба занони камдаромад қарзҳои хурд медод. Пас аз бозгашт ба Иёлоти Муттаҳида вай тасмим гирифт, чизе офарад, ки метавонад дар пешбурди чорабиниҳои гуногуни хайрхоҳона кӯмак кунад. Ҳамин тариқ, идеяи таҷлил аз Рӯзи соҳибкории занон ба вуҷуд омад. Имрӯзҳо Рӯзи соҳибкории занон дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, ки занон ва духтаронро барои иштирокчиёни фаъол дар иқтисод тавассути ташкили шабакаи занони пешсаф, навовар ва соҳибкор барои оғози тиҷорат, пешбурди тавсеаи иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон ташвиқ менамояд.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER дар татбиқи сиёсати миллии гендерӣ дар асоси Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 саҳм мегузорад, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани иштироки занон дар таҳсил, бозори меҳнат, соҳибкорӣ ва сиёсат оварда шудаанд. Илова бар ин, Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 бобҳои мушаххасро ба баробарии гендерӣ ҳамчун ҷузъи рушди нерӯи инсонии кишвар бахшидааст. Махсусан, лоиҳа пеш аз ҳама барои дастрасӣ ба дастовардҳои афзояндаи ҲРУ (Ҳадафи рушди устувор) 1: Нест кардани камбизоатӣ саҳм дошта, ҳамзамон барои расидан ба ҲРУ 2: Хотима додан ба гуруснагӣ, ҲРУ 8: Шуғли муносиб ва рушди иқтисодӣ, ҲРУ 12: Истеъмоли устувор ва истеҳсолот , ҲРУ 13: Фаъолият дар самти иқлим ва ҲРУ 15: Ҳаёт дар рӯи замин мусоидат менамояд.

Илова бар ин, ҳадафи лоиҳа беҳбуди робитаҳо байни субъектҳои гуногуни бозор (масалан, гурӯҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои коркард) ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулот ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон тавассути пешбурди соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои нави тиҷоратӣ бо таваҷҷӯҳ ба занон мебошад.