Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки алайҳи коронавирус воксин назадаанд, ҳушдор додааст аз сафар ба Душанбе худдорӣ кунанд.

Ин эълон рӯзи 3-уми декабр ба идораи телевизион ва радиоҳои шаҳри Хуҷанд барои нашр интиқол ёфтааст, ки зери матни он сардори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода имзо гузоштааст.

Дар ин эълон аз тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ёдоварӣ кард,а зикр шудааст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз бемории COVID-19 ин задани воксин ва рияои қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ҳарчанд гуфта мешавад вазъи эпидемиологӣ дар кишвар идорашаванда ҳам бошад, аммо ин ниҳод сокинонро даъват кардааст ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагир қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

“Аз ин хотир бо мақсади пешгирӣ ва сироятёбӣ ба бемории мазкур ронандагон ва мусофироне, ки то ҳол воксин нагирифтаанд то гирифтани воксин муваққатан аз сафар ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ худдорӣ кунанд”,

Аммо БДА вилояти Суғд нагуфтааст, ки дар сурати надоштани чунин санад нисбати мусофирон ва ронандагон чӣ чорае меандешанд.

Карим Ҷумъаев, масъули робита бо ҷомеаи БДА-и вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс гуфт, ин танҳо чораи пешгирӣ аз сироятёбии одамон ба бемории ҳамагир буда ҳадафашон ҷалби аҳолӣ ба воксинзанӣ аст. Аммо чораҳои манъи сафар ба шахсоне, ки воксин нагирифтаанд қатъиян пешбинӣ нашудааст ва ӯ гуфт танҳо “гиранд хубтар аст”.   

“Агар ронандагону мусофирон воксин нагирифта бошанд, дар автовокзали “Хуҷанд-Душанбе” воксин мезананд, метавонад аз он ҷо ваксин гиранд ва ба сафар бароянд. Агар надошта бошанд ,муваққатан аз сафар худдорӣ кунанд. Ин меъёр танҳо ба мусофирону ронандагоне таъаллуқ дорад, ки мехоҳанд аз вилояти Суғд ба Душанбе раванд”,-мегӯяд ӯ.

Давоми чанд ҳафтаи ахир мақомоти Суғд фишангҳоеро рӯйи даст гирифтаанд то  аҳолӣ ҳарчи зудтар ба воксинзанӣ ҷалб карда шаванд. Аз ҷумла дар мактабҳои миёна ва кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд аз хонандагон ва тарбиятгирандагон овардани нусхаи гувоҳномаи иммунизатсияи падару модаронашон талаб карда шуд. Мақомот мегӯяд, бо вуҷуди корҳои фаҳмонидадиҳӣ то ба рӯзи 2-юми декабр ҳамагӣи 45 дарсади аҳолии вилояти Суғд дар баробари COVID-19 воксин задаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.