Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба  шаҳрвандони  Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст.

Тавре дар саҳифаи сафорат дар Facebook хабар дода мешавад, кормандони сафорат вобаста ба масъалаи мазкур  бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави Русмия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа  то 3 январ қисми зиёди ин шаҳрвандон ба  Ватан баргардонида шуданд.

“Масъалаи баргардонидани мусофирони  боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад”, - омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия арзёбӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки сафорат  пайваста чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда, мусоидати хешро  ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ мунтазам анҷом медиҳад.

“Барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, сафорат аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки минбаъд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насабашонро   дар Ватан барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд”, - таъкид мешавад дар хабар.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки зиёда аз 40 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки нисбаташон дар бораи ихроҷ аз Русия қарор содир шудааст, шаби Соли навро дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав гузаронидаанд.

rus.ozodi.org

Дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия аз маводи мо “Бисанҷ, вурудат ба Русия манъ аст? Дастурамали муфассал” дарёфт карда метавонед.

Дар ин мавод бошад, шумо аз чӣ гуна бекор кардани манъи фуруд огаҳӣ меёбед: “Вурудатон ба Русия манъ аст? Онро метавон бекор кард”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.