Як хонаводаи нобинои тоҷик, ки 9 сол аст дар як ҳуҷраи матбааи Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар як муроҷиати худ аз Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе мехоҳанд, ба мушкили онҳо расидагӣ намояд. Ин хонавода иддао доранд, ки раиси иттиҳодия мехоҳад онҳоро аз ин ҳуҷра биронад.

Аммо Жентемир Нормуродов, раиси Иттиҳодияи миллии нобиноён мегӯяд, ки онҳо имкони ба манзил таъмин кардани ин хонаводаро надоранд ва ба далели ба кор оғоз кардани матбаа маҷбуранд ин хонаводаро биронанд.

Ин хонавода дар мактубашон ба Рустами Эмомалӣ навиштаанд, ки такягоҳу пуштибони мо шумо ҳастед, аз ин сабаб бо умеди охирин муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки мушкилиамонро ҳал намоед.

“Ба шумо ҳамчун таъминкунандаи адолати мардум муроҷиат намуда, аз шумо бениҳоят хоҳиш менамоем, ки барои ҳалли ин мушкилиҳо ба мо мусоидат намоед», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ин хонаводаи дар ҳоле аз раиси шаҳр дархости ёрӣ мекунанд, ки бино ба навиштаи онҳо раиси иттиҳодия онҳоро аз манзиле, ки ҳоло он ҷо зиндагӣ мекунанд, мехоҳад биронад ва ҳатто барои ин ба додгоҳи ноҳияи Сино низ шикоят бурдааст.

Абдураҳмон Ҳалимов, падари хонавода.

Падари ин хонадон Абдураҳмон Ҳалимов, маъюби гурӯҳи якум - «нобино» буда, омӯзгори мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамсараш низ Азаматбону Шамсиддинова маъюби гурӯҳи якум  - “нобино” буда, омӯзгори мактаби ғоибона барои шахсони нобино ва сустбин дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Онҳо ду фарзанди ноболиғ доранд.

Дар суҳбат ба «Азия-Плюс» ин зану шаҳвар гуфтанд, ки аз моҳи июл соли ҷорӣ бо дастури раиси ҷамъияти нобиноён Жентемир Нормуродов ва роҳбари матбаа Ғолиб Ҷӯрахонзода бе додани манзили дигар, онҳоро аз ҷойи зисташон берун карда истодаанд. Ба нақли онҳо, дар муддати ин чанд моҳ онҳо барои ҳалли мушкилиашон ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, вале  масъала ҳалли худро наёфт.

«Баъзе аз мақомот пешниҳод карданд, ки мо ҳар ду ҷониб маъюбем ва ин мушкилро байни худ бояд ҳал кунем. Мо аз ҷониби худ кӯшиш кардем, вале аз тарафи роҳбарияти ҷамъияти нобиноён созиш ба амал наомад», - мегӯяд Ҳалимов.

Инчунин онҳо дар муроҷиати худ низ навиштаанд, ки раиси ташкилоти мазкур ба онҳо гуфтааст, ки «шумо соҳиб надоред ва ба куҷое, ки мехоҳед муроҷиат кардан гиред. Додатон ба ҳеҷ куҷо намерасад».

Жентемир Нормуродов дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки онҳо низ барои ин оила  ғамхор ҳастанд, вале имкони таъмин намудани онҳоро бо манзили зист надоранд. Беш аз 8 сол зиндагӣ намудан дар як утоқи матбааи назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон низ ба хотири фаъоляит накардани матбаъа буд,- мегӯяд Нормуродов.

Жентемир Нормуродов, раиси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон
"Авесто"

Барои тарк намудани як ҳуҷҷра, ки ин хонавода он ҷо иқомат мекунанд, роҳбари иттиҳодия ба додгоҳи ноҳияи Сино муроҷиат кардааст. Вале ба нақли онҳо додгоҳ ҳукм бароварда гуфтааст, ки «дар ин фасли сармо онҳо ба куҷо мераванд, ки маъюб ҳастанд ва кӯдакони ноболиғ доранд ва бе додани манзили зист рондани онҳо ғайри имкон аст».

«Худ қазоват кунед, ки мо ду шахси нобино, бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ бо ду кӯдаки хурдсол, ки музди нафақа ва маошамон ба додани иҷора намерасад, дар оғози фасли сармо ба куҷо равем. Мо манзили зисти доимӣ надорем ва аз сабаби надоштани имкониати молӣ хонаи иҷора гирифтан наметавонем ва аз соли 2013 инчониб дар ҳамин матбаа зиндагӣ карда истодаем”, - навиштаанд онҳо дар муроҷиати худ.
Азаматбону Шамсиддинова, ҳамсари Ҳалимов

Ин хонавода мегӯянд, ки дар ин бино дар шароити сахте зиндагӣ мекунанд ва тамоми заруратҳои зистро дар як ҳуҷра анҷом медиҳанд. “Мо дар як ҳуҷра  зиндагӣ карда, ки як қисмати он ҳамчун ошхона истифода мешавад. Ҳоҷатхона ва ҳаммоми ин бино дар ошиёнаи якум ҷойгир буда, ҳуҷраи зисти мо дар ошиёнаи дуюм воқеъ аства мо барои рафъи ҳоҷҷатҳои ҳаётӣ бо як зинапояи оҳанин, ки аз берун дар паҳлуи бинос насб шудааст бо мушкил фароем»,-мегӯянд ин завҷ.

Дар муроҷиатномаи ин завҷи нобино гуфта мешавад, ки онҳо соли 2017 ба раиси собиқи Иттиҳодияи нобиноён барои ба манзили истиқоматӣ таъмин шудан муроҷиат карда, дархосташон дастгирӣ карда шуда буд. “Мутаассифона пас аз чанд моҳ Давлатов (раиси собиқ)вафот мекунад ва Жентемир Нормуродов иҷрокунандаи раис мешавад”,-мегӯянд онҳо.

«Мо ҳамчун оилаи камбизоат ва ба манзили зист эҳтиёҷманд ба муҳтарам Нормуратов чандин бор муроҷиат намудем. Он кас муроҷиати моро рад карда гуфт, ки танҳо кормандони ташкилоти мазкур ҳуқуқ ба манзил доранд, ҳол он ки кормандони ташкилот дар замонҳои Шуравӣ борҳо ба манзили зист таъмин гаштаанд ва ҳоло мушкили манзили зистро надоранд. Агар аз руйи ин қарори раис дида бароем, ҳамсарам аз соли 2011 корманди матбааи назди иттиҳодия мебошад. Дар тӯли 8 сол, мо чандин бор ба Нормуратов хаттӣ муроҷиат намудем, вале он кас ба истифода додани биноҳоро ваъда мекарданд. Ҳоло то моҳи марти соли 2022 сохтмон ба анҷом мерасад, ҷойи зисти мо аз аввал хатарнок ва ғайриқонунӣ буд, пас аз 8 сол ба ёд оварда, дар оғози фасли сармо моро аз ҷойи зистамон берун намуда истодааст»,-мегӯяд Ҳалимов.

Онҳо менависанд, ки дигар ҷойи зист надоранд ва дар ҳавлие, ки модари бемори Ҳалимов бо чор нафар бародаронаш, ки низ аз қувваи биноӣ маҳрум ҳастанд, шароити иқомат кардан нест.  Дар оилаи ҳамсараш низ се нафар  шахсони нобино зиндагӣ мекунанд.

Аммо раиси иттиҳодия далелҳои дигар пеш мегузорад. «Инсон аз рӯи инсоф гап мезанад. Раиси собиқ низ ба ин хонавода манзил ваъда накардааст, ҳарчанд онҳо аризаи хаттӣ низ пешниҳод карда бошанд. Аз рӯи қонун дар корхона зиндагӣ кардан мумкин нест, вале танҳо аз рӯи одамгарӣ онҳоро дар як утоқ ҷой кардем, ки дастгирӣ шавад гуфта. То ин муддат, магар нафаре ба онҳо гуфт, ки утоқи кории матбааро тарк кунед? Не, чунки кор набуд ва ҳоло бошад матбаа пурра ба кор бояд оғоз кунад ва то назди утоқе, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, таъмир гардид. Вале онҳо намераванд аз утоқ. Устоҳо низ ҷуръати баҳс бо онҳоро накарданд ва рафтанд», - иброз намуд Нормуродов.

Ӯ гуфт, тибқи қонунгузории кишвар ин хонавода, ки ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд бояд аз сӯйи Вазорати маориф ва илм бо манзили зист таъмин гарданд.

«Аз рӯйи  қонунгузории кишвар, кодекси манзил ба аъзои иттиҳодия манзили зист дода наметавонем, ҳуқуқи додани манзилро надорем. Танҳо дар сурате дода метавонем, ки агар аъзо ба манфиати ҷамъяит кор кунад. Вале онҳо ҳардуяшон дар маориф кор мекунанд ва бояд аз ҷониби Вазорати маориф бо манзил таъмин шаванд. Мо фонди манзил надорем».

Раиси Иттиҳодияи миллии нобиноён мегӯяд, ки ҳоло беш аз 200-300 нафар нобиноёне, ки дар ҷамъият фаъолият мекунанд ба манзили зист ниёз доранд. Онҳо дар қайди ҷамъият нестанд ва бояд аз ҷоий зисте, ки он ҷо дар қайд истодаанд муроҷиат кунанд ва бо манзил таъмин шаванд.

Писари хонавода

Ҳоло баъди ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино, ки ба манфиати оилаи Ҳалимовҳо содир шудааст, ҷамъияти нобиноён ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд.

Сарфи назар аз далелҳои раиси иттиҳодия, ҳоло хонаводаи Ҳалимовҳо умед доранд, ки раиси шаҳри Душанбе ва дигар наомяндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ доди онҳоро шунида, пуштибонӣ мекунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон 8 хазор нобино расман сабти ном шуда, ки беш аз 700 нафари онҳо дар Душанбе ба сар мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.