Намояндаи пешини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмиддинова роҳбари нави дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон интихоб шудаас. Дар ин бора саҳифаи расмии ин созмон дар Фейсбук хабар медиҳад.
Дар хабарномае, ки ташкилот дар бораи таъин шудани роҳбари наваш нашр кардааст, омадааст, ки Рухшона дар расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таҷрибаи бойи корӣ дорад ва интихоби номзадҳо бо истифода аз озмуни кушод сурат гирифтааст.
Дар ду соли охир, роҳбарии дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон бори дувум аст, ки нав мешавад.
Моҳи октябри соли 2020 Вадим Садоншоев, ки то ин дам дар департаменти иттилооти Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе буд, дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Содоншоев ҳудуди як сол дар ин мақом кор кард.
То интихоби Рухшона Наҷмиддинова роҳбарии Internews-ро дар Тоҷикистон Анжелика Попова ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудир ба дӯш дошт.
“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии расонаҳо равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
«Рости гап»: Чаро забони тоҷикии адабӣ то ҳол оммавӣ нашуд
Деҳқони ҷайҳунӣ тарбузи зард парвариш кард
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад
ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод
Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод
Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд
MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд
Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста