Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ҳунарманди саршиноси синамову театри тоҷик, субҳи имрӯзи 7-уми январи соли 2022, бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи наздикони ҳунарманд ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум, намози пешин дар масҷиди маҳаллаи Роҳи Оҳани Душанбе, дар пушти Истгоҳи марказии Роҳи Оҳан баргузор мешавад.
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10-уми марти соли 1946 дар ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд шуда, хатмкардаи Институти театру кинои Маскав (1971) буд.
Иттиҳодияи синамогарони кишвар ҳам дар як паёми сӯгворӣ даргузашти ин ҳунармандро таслият гуфтааст.
"Даргузашти ҳунарпешаи театру кинои тоҷик Маҳмадалӣ Муҳаммадиев , чеҳраи зебову ғаюри синамоии мо боиси таасуф аст. Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба пайвандон ва ҳамкасбони мутавафо изҳори таслият ва ҳамдардӣ менамоянд. Руҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад!",-омаддаст дар ин сӯгнома.
Муҳаммадиев пас аз хатми донишкада, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор карда, як силисла нақшҳо офаридааст.
Дар идома Муҳаммадиев, сипас бештари нақшҳои худро дар кино офарида, аксар муассисаҳои филмистеҳсолкунии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ аз ҳунари хосааш фоида бурда, то дами марг ин ҳамкориҳоро идома медод.
Нақшҳои офаридааш дар филмҳои бадеии «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» («Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») ва чандин филмҳои дигар дар Маскаву Кишинев. Ин ҳунарманди фақид дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Муҳаммадиев аз соли 1982 узвияти Иттиҳодияи синамогарони Иттиҳоди Шӯравиро дошт ва барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ дар бахши синамо буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста