Мардуми деҳаи Истошуни (Истошон) ноҳияи Букаи кишвари Ӯзбекистон, ки солҳо пеш аз Тоҷикистон ба ин ҷо ҳиҷрат кардаанд, бо тариқи ҳашар барои худ мактаби тоҷикӣ месозанд. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати Мастчоҳ хабар додааст.
Маблағи наздик ба 3 млн сомонӣ барои ин мактаб пурра аз худи мардуми ин деҳа аст. Ба ҳар сари хонавода тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост омадааст.
Сохтмони мактаб беш аз ду моҳ аст, ки идома дорад ва ҳамарӯза дар кори сохтмони он аз 150 то 200 нафар иштирок мекунад. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.
Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, мардум талош доранд сохтмони мактабро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд.
Дар Ӯзбекистон дар замони ҳукумати Ислом Каримов шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд, акнун бо омадани Шавкат Мирзиёев, теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста