Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маълумот дар бораи лату кӯби толибилмони аз дарс қафомонда бо чӯб ва дарсҳои дар рӯи фаршро дар гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор додааст.

Навори видеое, ки дар он як мард мактабхонҳои аз дарс қафомонаро бо чӯб лату кӯб мекунад, дар саҳифаи Parviz TV дар Facebook нашр шуда, сарусадоҳои зиёд ба бор овард.

Дар Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло маълум нест, ки ин кадом муассисаи таълимист ва ин масъала омӯхта мешавад.

“Намояндагони Вазорати маориф аз ин навори видео дар Facebook хабардоранд ва рӯйи он кор мекунанд. Лекин ҳоло маълум нест, ки ин кадом мактаб асту ин мард кист, ки бо чӯб хонадагонро мезанад ва оё ин маълумот ҳақиқат дорад ё не”, - хабар доданд дар Вазорат.
Сурат: Скриншот аз навори видеои Parviz TV

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф хабар медиҳад, ки ин навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди он, ки бо сабаби нарасидани омӯзгорон дар гимназияи рақами 4, якчанд синфҳои ибтидоӣ якҷоя шуда дарс мегузаронанд, аз ҷониби Раёсати маорифи пойтахт низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Суратҳо аз гимназияи рақами 4, ки дар он қисме аз хонандагон ба сабаби набудани ҷойи кофии нишаст, дар рӯйи фарши синфхона нишастаанд ва гурӯҳе ҳам рост истода, дарс мехонанд, дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Facebook нашр шуд. Маъмурияти гимназияи рақами 4 дар сомонаи эълонҳои “Сомон.тҷ” навиштааст, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро ҷустуҷӯ дорад.

Дар Вазорати маориф вобста ба ин масъала илова намуданд, ки ҳоло маълум нест, ки дарвоқеъ ҳам дар ин гимназия омӯзгорон намерасанд ва оё ҳақиқатан ҳам онҳо дар бораи эҳтиёҷ доштанашон ба омӯзгорон дар сомонаи Somon.tj эълон нашр кардаанд.

Сурат аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Facebook

Ёдрас мекунем, ки 1 сентябри соли 2021 бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дода буд, ки муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.