Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, то охири ҳафта дар водиҳо боришот идома ёфта, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ барф меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар медиҳад, ки дар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе - Чанок, Душанбе – Ваҳдат - Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе – Кӯлоб, Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим - Мурғоб яхбандии роҳҳо пешбинӣ шуда, хавфи фаромадани тарма ва сангреза вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 14-16 январ обуҳаво дар пойтахт гарм, вале абрнок шуда боришоти назаррас дар назар нест, лекин туман мефарояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд, ба ғунучини ҳезум ва шикор низ нараванд.

Барои аҳолие, ки манзили худро бо ангишт гарм мекунанд, Кумита тавсия медиҳад, ки барои ҳифз аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт, зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода кунанд ва қобилияти ҳавокашии қубури дудпарторо ба инобат гиранд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҳаракат дар шароити барфрезӣ ва яхбандӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳо риоя кунанд. Зимни ҳаракат дар қитъаҳои хавфноки тармафаро риояи қатъии масофа байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.

Ҳамчунин Кумита ба сокинони шаҳр тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳое, ки дар он ҷойҳо хавфи шикастани шохи дарахтҳо, канда шудани симҳои хатти баландшиддати инитиқоли барқ вуҷуд дорад, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.