Ба далели хуруҷи штамми нави "Омикрон"-и коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, Тоҷикистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистонро пурзӯр кард. Ба иттилои Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и вилояти Суғд ҳамакнун аз мусофирону меҳмонон бо вуҷуди доштани ташхиси ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, дар гузаргоҳҳо ҳатман ташхиси молишак (мазок) аз гулӯ ва бинӣ мегиранд.
Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ташхиси молишак аз гулӯ ва бинӣ дар гузаргоҳҳои марзии миёни Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҳатмӣ шуд.
Вай афзуд, бояд, мусофирону меҳмонон баъди ба вилояти Суғд ворид шудан 14-рӯз дар карантини хонагӣ бимонанд ва ниқоби тиббӣ пӯшанд. Қаблан ин марказ танҳо бо ташхиси ПСР -тести манфии сироят аз коронавирус ба мусофирон иҷозаи вуруд медод ва касоне, ки ПСР надоштанд ташхис мекард.
“Ҳоло аз ҳамаи мусофироне, ки аз марз мегузаранд новобаста аз он ки натиҷаи ташхиси ПСР доранд ё надоранд ташхиси молишак аз гулӯ ва бинӣ барои дарёфти саривақтии беморӣ ва муайян кардани таҳлил гирифта истодаем. Дар дигар давлатҳо беморӣ бисёр шуд, мо ҳам аз эҳтимол дур нестем”,- гуфт Таҳмина Усмонова
Омикрон дар Ӯзбекистону Қирғизистон ду ҳамсояи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ӯзбекистон низ сар аз 15-уми январ баъди сабти вируси нав ба мусофирони хориҷӣ талаботи нави вуруд ба ин кишварро ҷорӣ кард.
Сахтар шудани назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ дар ҳолест, ки ба далели арзонтар будани нархи чиптаи ҳавопаймо дар кишвари ҳамсоя ҳамарӯза ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Ӯзбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.
Ҳафтаи гузашта Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло дар ҷумҳурӣ ё вилоят штами омикрон сабти ном нашудааст. Аммо ӯ афзуд, “эҳтимолияти сироятёбӣ хело зиёд аст”.
Бино ба гуфти ӯ, дар як шабонарӯз аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандон тариқи се гузаргоҳи марзии байни Ӯзбекистон ва фурудгоҳи Хуҷанд аз хориҷи кишвар вориди вилояти Суғд мешаванд, ки дар аксари ин кишварҳо штами омикрон ошкор шудааст.
“Аз ин рӯ дар вилояти Суғд эҳтимоли воридшавии беморӣ зиёд аст. Ин вирус душмани ноаён аст. Баъзе вақт бенишона ворид мешавад. Ё ҳамон вақт молишак мегиред мусбат нишон медиҳад, баъди ду рӯз таб пайдо мешавад. Мо ҳоло эҳтимолияти сироятёбиро пешгирӣ мекунем. Аз шаҳрвандон илтимос ва эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки саривақт ваксина гиранд ва ягона роҳи пешгирӣ ин ваксинатсия аст”.
Ҳарчанд ниҳодҳои тандурустӣ ошкоро дар мавриди пайдо шудани вируси навъи Омикрон дақиқан чизе намегӯянд, аммо дар ин шабу рӯз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз натиҷаҳои мусбати ташхиси ПСР-и худ нигаронӣ мекунанд.
Маркази беҳдоштӣ (СЭС)-и вилояти Суғд чанд рӯз пештар дар як муроҷиатномаи худ аз эҳтимоли афзоиши хурӯҷи бемориҳои роҳи нафас, зуком дар фасли сармо нигаронии амиқ карда гуфта буд, “фаҳмидани он ки кӣ гирифтори омикрон ва кӣ аз делта аст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ғайриимкон аст”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста