Раҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди рӯзҳои ахир болоравии нархи билетҳои ҳавопаймо чораҷӯӣ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ниҳоди мазкур.
Ба гуфтаи манбаъ, нархи билетҳо беасос буоло бурда шуда, аз ин рӯ, онҳо аз ширкатҳои ҳавопаймои талаб хоҳанд кард, ки билетҳоро бо нархҳои қимат нафурӯшанд.
“Мо мухолифи болоравии нархҳоем ва намехоҳем, ки мусофирон мушкилӣ дошта бошанд. Бо мақсади пешгирии беасос болоравии нархҳои билетҳои ҳавопаймо, дар доираи салоҳияти худ чораҷӯӣ мекунем. Намояндагони ширкатҳои ҳаврпаймоӣ ба наздикӣ ба Агентӣ даъват шуда, огаҳ карда мешаванд, ки нархҳоро поин баранд”, - хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки замони авҷи пандемия ва роҳандозии парвозҳои чартерӣ ба онҳо дастур дода шуда буд, ки нархгузории билетҳои ҳавопайморо пайгирӣ намоянд, лекин пас аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам, ба ин кор бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ машғул шавад.
“Баъди азсаргирии хатсайрҳои мустақим ва ба низоми то коронавирус баргаштани шумори мусфоирон, ба танзими нархҳо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷавобгӯ аст”, - изҳор доштанд дар Агентӣ.
Ҳафтаҳои ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас ҳоло нархи билетҳо қариб ду баробар - зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафтааст. Ин зиёдтар аз нархи муқарраркардаи Агентиии авиатсияи граждании кишвар ба парвоз аз Душанбе ба Маскав ва бозгашт мебошад.
“Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 19-уми январ аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад, 6 ҳазору 297 сомонӣ ва дар рӯзи дигар боз гаронтар - 6 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад. Худи ҳамон рӯз аз Душанбе ба Маскав метавон аз ширкати «Уральские авиалинии” бо нархи 6 ҳазору 492 сомонӣ билет дарёфт намуд”, - хабар доданд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе.
Қаблан яке аз фурӯшандагони хазинаҳои пойтахт бо номи Алишер ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки босуръат болоравии арзиши билетҳои ҳавопаймо ба оғози мавсими нав ва талаботи баланди мусофирон вобаста аст.
“Тайи ҳафтаҳои ахир талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ босуръат зиёд шуда, дар баробари ин, арзиши онҳо бамаротиб боло рафт. Дар ҳамин ҳол, болоравии арзиши билетҳо натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба мушоҳида мерасад”, - гуфт Алишер.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд
Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд
Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?
Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард
Ӯзбекистон ҳам "Занги охир"-ро мисли Тоҷикистон танзим кард
Вазорати тандурустӣ дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебандад
Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт
Рӯзҳои ахир дар Афғонистон чӣ мегузарад: аз қатли оми тоҷикҳо то душманхонии Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста