Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020”, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида истодааст, аз 9 январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз гардида, то 22 январи соли 2022 идома хоҳад кард.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин замина, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Дубай Форуми сайёҳӣ таҳти унвони “Эко – сайёҳӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

ctd.tj

Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, сафоратии Тоҷикистон дар АМА, КВД “Маркази иттилооотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии АМА, инчунин доираҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми раиси Кумита Амирбекзода Ҳабибулло ва сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саргузаштию шикор, обҳои шифобахш ва табобатӣ ба ширкаткунандагони ҳамоиш маълумоти муфассал манзур намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардид.

ctd.tj

Дар самти рушди сайёҳии Тоҷикистон вобаста ба ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ, аз 1 январи соли 2022 тартиби пешниҳоди низоми бераводид бо 52 мамлакати дунё, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд, ки ҷониби соҳаи сайёҳии АМА-ро мутаасир гардонида, ҷалб намуд.

Аз ҳозирин даъват гардид, ки ба мавзеъҳои нотакрори сайёҳии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги бойи қадима, бо оинҳои мардумӣ, бо кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои мусаффо, бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосои тоҷикон ошноӣ пайдо карда, ҳам истироҳат намоянд ва ҳам табобат гиранд.

Пас аз анҷом ёфтани чорабинӣ, меҳмонон ба павилони Тоҷикистон дар ЭКСПО-2020 ташриф оварда, бо имкониятҳои сайёҳӣ, сарчашмаҳои обҳои мусаффо ва шифобахш, ҳайвоноти нодир, таъриху фарҳанг, иқтидорҳои саноатӣ ва содиротӣ, намунаҳои молҳои истеҳсолӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ оид ба мубодилаи сафарҳои сайёҳӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории қавии муштарак гуфтушунид намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.