Муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) 15 феврали соли равон ба поён мерасад. Дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати он дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон посухи мушаххас надоданд.
“Мақоли халқиеро бароятон мисол меорам: “Пеш аз поа чанг нахезонед”. Ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд. То 15 феврал вақт дорем ва мо бояд аз сабти дубора гузарем. Дар шаҳру навоҳӣ зиёда аз 500 нуқтаҳои хидматрасонӣ фаъолият доранд, ки бепул симкортҳоро дубора сабтином мекунанд”, - изҳор дошт ба рӯзноманигорон имрӯз, 31 январ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев.
Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.
Ғайр аз ин, ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки шумори умумии муштариёни хатҳои алоқаи маҳаллии телефон 273 ҳазору 159 нафарро ташкил медиҳад, ки 39 ҳазору 475 нафарашон корбарони фаъол мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол лимит ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабтином мешавад.
Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабтином кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд.
Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод.
Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.
Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб кард, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён бе алоқаи мобилӣ монда монда метавонанд ва ин ба талафоти буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ боис шуда метавонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста