Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 3 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз 11 нафар шифо ёфтаанд. Маълумоти охирро Вазорати тандурустӣ 3 феврал нашр карда, он замон шумори сироятёфтагон 4 нафарро ташкил дода буд. Баъд аз 3 феврал ва то имрӯз маълумот дар ин бора дар сомонаи Вазорат дигар нав нашудааст.

Дар бораи ҳодисаҳои нави сироятёбӣ дар кишвар Вазорати тандурустӣ 21 январ маълумот нашр кард.

Тибқи маълумоти Вазорат, дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 347 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 195 нафарро ташкил медиҳад.

То ин замон  теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад. То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.