Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд мактуби “Гурӯҳи 44”-ро дар бораи додани 30 дақиқа вақти телевизиони маҳалии “Бадахшон” дастрас накардааст, аммо ба шахсиятҳое, ки хилофи манфиатҳои миллӣ  иттилоъ пахш мекунанд, эфир дода намешавад. 

Нуриддин Саид имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод таъкид кард, ки телевизионҳо ҳаққи пахш кардани иттилооти хилофи манфиатҳои миллатро надоранд ва “ҳеҷ гоҳ эфирро ба чунин шахсиятҳо намедиҳанд”. 

“Мо татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот ҳастем. Ҳар як як иттилооте, ки ба мақсади рушду суботи давлатӣ мо аст, ба манфиати истиқлолияти давлатии мо аст, ба манфиати оромиву осоиштагии халқу миллати азизи мо аст, мо ҳатман онро пахш мекунем”, - илова кард раиси кумита.

Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2021 дар пасманзари барномаву филмҳои зиёд дар телевизиони «Бадахшон» дар мавриди ҳаводиси ахир, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як муроҷиатнома аз мақомот хоста буданд, ки 30 дақиқа вақти ин телевизиони маҳаллиро дар ихтиёри онҳо бигузорад.

Намояндагони “Гурӯҳи 44” ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки барномаву филмҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар шабакаи давлатии маҳаллии «Бадахшон» намоиш дода мешаванд ва нооромиро дар ҷомеа ба бор меоранд, далел шудааст, ки онҳо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раҳбарии Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ Муфарраҳи Шодӣ муроҷиат кунанд.

Он замон талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари ҳукумати ВМКБ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат ва Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ бенатиҷа буд.

Дар ВМКБ, 25-уми ноябри соли гузашта, бар пайи  амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дар ин амалиёт кушта шуд, бархе сокинони ин ноҳия, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари вилоят даст ба эътироз заданд, ки то 28-уми ноябр давом кард. Дар ин эътирозҳо се нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуд.

Ҳамчунин бино ба иттилои расмӣ, 7 нафар хидматчиёни мақомоти интизомӣ ҳам дар ин рӯзҳо лату кӯб шудаанд ва захм бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.