Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар робита ба қазияи ҷабрдидагони сӯхтори корхонаи пахтаи “Музаффар К” посух дод. Вай афзуд, корхона омода аст, миллионҳо сомонӣ зарари расида ба хоҷагидоронро баргардонад. Аммо дақиқан нагуфт, ки ин зарари молӣ бо кадом роҳ ё кай ба пахтакорон ҷуброн карда мешавад.

Ду моҳ пештар корхонаи азими коркарди пахтаи “Музаффар К” дар коми оташ монд ва заҳмати яксолаи ҳудуди 300 хоҷагии деҳқонӣ нобуд шуд. Хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ иддао доранд, ки миллионҳо сомонӣ зарари расида аз ин оташсӯзиро роҳбарияти корхона саривақт ҷуброн намекунад. Баҳси пахтакорон бо роҳбарияти корхона баъди он шиддат гирифт, ки гӯё ҷониби дуюм гуфтааст “мо сӯхтем шумо ҳам сӯхтед”.

Ин корхонаи пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад, вале ӯ боре ҳам назари худро атрофи қазияи сӯхтор ва шикояти деҳқонон ба расонаҳо нагуфтааст.  

Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, гурӯҳи кории вилояти Суғд ташкил шуда аз соҳибкор талаб карданд бо ҳар як хоҷагидор дар алоҳидагӣ сӯҳбат кунад. Вай афзуд, зарари расида ба деҳқононро медиҳанд, вале дақиқан нагуфт, ки аз кадом ҳисоб ва бо кадом роҳ ҷуброн мешавад. 

«Корхона омода аст, ки марҳила ба марҳила он зараре, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ диданд ҳамаашро баргардонад. Лекин якуякбора соҳибкор ин корро карда наметавонад. Мо ва соҳибкор бо 30% деҳқонон сӯҳбат кардем, протокол имзо шуд. Касе розӣ буд имзо гузошт, касе не нагузошт”,- гуфт раиси ноҳия.
Сӯтор дар корхона

Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҷузъиёти ин “сӯҳбату протокол”-ро шарҳ надод, вале гуфт он бо миёнҷигарии гуруҳи кории ҳукумати Суғд ташкил шуд. Ӯ афзуд, онҳо як ҳайати корӣ аз ҳукумати Тоҷикистонро интизоранд, ки бояд ҳодисаи сӯхтор дар корхонаи пахтаи “Музаффар К”-ро таҳқиқ кунад ва роҳҳои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагонро мушаххас созад. “Шояд, ки тухмиҳои нав диҳанд ё барои тайёр кардани заминҳояшон кӯмак шавад. Ин масъала баъди омадани гурӯҳи корӣ маълум мешавад”.-гуфт, Аъзам Ализода.

Пештар раиси Кооперативи тиҷоратии “Меҳрубон М”-и ноҳияи Мастчоҳ Мамадҷон Сангинов ба “Азия-Плюс” гуфта буд, гурӯҳи 25 нафараи хоҷагидорон ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, додситони кул ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ номаи дастаҷамъона ирсол карда буданд. Пахтакорон дар ин нома таҳқиқи одилонаи ҳодисаи сӯхтор ва ҷуброни зарари аз он расидаро талаб доштанд.  

Гурӯҳе аз хоҷагидорон иддао доранд, ки корхона қасдан оташ зада нашудааст, балки он дар пайи риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ аз сӯйи корхонаи “Музаффар К” сар задааст.

“Аммо раиси “Музаффар К” ва фарзандони ӯ бо ҳимояти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар задани сӯхторро бо роҳи сохтакорӣ мехоҳанд ба зиммаи шахсони номаълум вогузор намуда аз пардохти зарари ба мо деҳқонон расонидашуда озод гарданд”,-навиштаанд, деҳқонон дар номаи дастаҷамъона.

Бастаҳои нимсӯхтаи пахта

Бо вуҷуди беш аз ду моҳи сӯхтор дар ин корхонаи коркарди пахта ҳанӯз ҳам гумонбарони ин ҳодиса ошкор ё боздошт нашудаанд. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, низ дар мавриди гумонбарони сӯхтори субҳи 25-уми ноябри соли гузашта дар корхонаи “Музаффар К” чизе нагуфт ва афзуд, “ҳоло ҳам тафтишот идома дорад”.

Аз Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфта буданд, ки ин корхонаро қасдан оташ задаанд ва мақомоти милитсия аз руйи моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст. Сӯхтор ба корхонаи “Музаффар К” дар умум 46 миллион сомонӣ зарар расонид, ки 42 миллион аз нахи пахта ва 4 миллион сомонӣ аз молу амволи дигар буда дар натиҷаи сӯхтор 1100 тонна нахи пахтаи тайёр дар коми оташ монда, танҳо 400 тоннаи он эмин мондааст.

Оташ гирифтани корхонаи коркарди пахтаи “Музаффар К” дар ҳолест, ки ноҳияи Мастчоҳ соли 2021 натавонист дурнамои пахтасупориро иҷро кунад. Кишоварзон мегӯянд, ба ҷойи 12,550 гектар замин дар ноҳия дар майдони 8,890 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки дурнамои пахтасупорӣ 28,600 тонна пешбинӣ шуда буд, ки натавонистанд иҷро кунанд.

Деҳқонон умед бар он бастаанд, ки ҳарчи зудтар ҷуброни зарарашон аз ҷониби корхона пардохта шавад. Онҳо мегӯянд, муфлис шудаву барои мавсими кишти имсолаи баҳорӣ маблағ надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.