Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сар аз моҳи март ба мусофиронаш дар парвозҳо хӯроки гарм медиҳад, дар ин бора дар як мулоқот бо рӯзноманигорон Қосим Вализода, намояндаи ин ширкат хабар дод.

Ӯ гуфт, ки пайдоиши коронавирус таъсири худро дар таъмини мусофирон бо хӯроки гарм ҳангоми парвозҳо гузошта буд.

“Дар мувофиқа бо тавсияҳои Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ,  IATA тасмим гирифта шуда буд, ки тамос миёни ҳайати ҳавопаймо ва мусофирон ба хотири  таъмини амнияти онҳо ба ҳадди аққал расонида шавад. Ҳадди аққал кардани тамосҳо, аз ҷумла ба василаи тақсими хӯрок.  Сарфи назар аз ин, ширкати мо тасмим гирифт, ки дар бастаҳои ҷудогона ин хӯрокро дар намуди сэндвич пешниҳод кунад”, - гуфт Вализода.

Намояндаи ширкат таъкид кард, ки онҳо расонаҳоро пайгирӣ мекунанд ва танқидҳои мусофирон дар бахши сифат ва таъмини хӯрокро мебинанд.

«Дар ин росто, мо аз оғози сол бо ширкатҳое, ки барои парвозҳо хӯрок омода мекунанд, мулоқот кардем.  Тасмим гирифтем, ки рӯзҳои наздик ин корро оғоз кунем. Бовар дорам ин кор на дертар аз 1-уми март хоҳад буд. Ин хӯрокҳо дар парвозҳое дода мешаванд, ки тӯли парвоз на камтар аз 3 соат аст”,- изҳор кард Қосим Вализода.

Пештар, мусофирон бо гузоштани аксҳои бутербродҳои “Сомон Эйр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз раҳбарии ширкат шикоят мекарданд, ки  онҳо мусофирони худро эҳтиром бикунанд ва хӯроки дурусте ба онҳо бидиҳанд.

Бояд гуфт, ки пештар, дар миёнаҳои моҳи июни соли 2019  «Сомон Эйр», ба хотири 12 дар сад пойин овардани  нархи билетҳо, аз додани хӯрок даст кашида буд.

Пас аз шикоятҳои мусофирон дар ин росто, ки «Сомон Эйр» дигар дар парвози Душанбе-Маскав ба мусофиронаш хӯрок намедиҳад, ин ширкат гуфта буд, ки даст кашидан аз тавзеъи хӯрок ба хотири пойин овардани қиммати билетҳост.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.