Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 барои шаҳрвандони бекор 9,8 млн сомонӣ ($867,5 ҳазор) қарзҳои имтиёздор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо кардааст.
Дар ин бора, дирӯз, вазири меҳнат Ширин Амонзода ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ин қарзҳоро беш аз 4 ҳазор нафар дарёфт кардаанд, ки 1,9 ҳазори онҳо занон будаанд. Бештар аз 1,2 соҳибкори ҷавон ва 928 нафари бекор барои роҳандозии тиҷорат дар бахшҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ низ аз ин қарзҳо гирифтаанд.
Барои ҳар довталаби ин қарзҳо аз 3,1 то 3,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар соли 2021 58 ҳазору 908 нафар ҳамчун нафарони бекор эътироф шудаанд. Дар ин сол, ба гуфтаи вазир, 189 ҳазору 188 ҷойи кори нав эҷод шудааст. Аз ин 70 ҳазору 295 ҷойи кори доимӣ ва 73,3 ҳазор ҷойи кори муваққатӣ ва 38 623 кори мавсимӣ будаанд. Дар ин ҷойҳои нави кор маош чӣ қадар аст, Вазорати меҳнат дар ин бора иттилоъ чизе намегӯяд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста