Қозидавлат Қоимдодов намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Сезин Синаноғлу мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN ин дидор рӯзи 10-уми феврал дар дафтари СММ дар душанбе сурат гирифтааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди СММ ва AKDN-ро вобаста ба масоили рушд дар бахшҳои гуногун мавриди  баррасӣ ва мубодила қарор доданд. Дар рафти суҳбат зикр гарид, ки барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки AKDN ва СММ тайи солҳои зиёд баҳри беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик  саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар поёни мулоқот тарафҳо барои боз ҳам таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои созанда ва дарозмуддат изҳори омодагиву ҳавасмандӣ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.