Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ изҳор дошт, ки “сарояндагони зиёде, ки бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабук рӯи саҳна омадаанд, ба ҷавонону наврасон таъсири бад мерасонанд”.

Интиқоди шадиди ректор зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 феврал садо дод, менависад Радиои Озодӣ.

Ӯ аз ҳеҷ сарояндае ном нагирифта, вале гуфтааст, ки  онҳо “забони тоҷикиро намедонанд ва калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд”.

Ӯ пешниҳод намудааст ки забон ва шеваи сурудхонии ин гуна сарояндаҳо бояд танзим шавад ва қабл аз сабти суруд бо афроди огоҳ машварат кунанд.

Гуфта мешавад, дар гузашта низ, пешниҳоди танзими кори бархе сарояндаҳо садо дода буд. Аз ҷумла, ду соли пеш бо танқид аз сурудҳои Қадами Қурбон, як сарояндаи маҳаллӣ, фаъолон пешниҳоди танзими сурудҳои сарояндаҳоро карда буданд.

Аммо бархеи дигар гуфтанд, ки аз ҳама бештар сурудҳои ин сарояндаҳо пурбинандаанд. Мухолифони ин назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки мақомот бо фароҳам кардани шароити беҳтар барои эҷоди таронаҳои хуб завқи мардумро метавонанд боло баранд ва танҳо дар ин сурат имкон дорад, чунин сарояндаҳо бемухлис монанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.