Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) нисбат ба соли 2020 93 ҳолат кам шуд, хабар дод зимни нишасти матбуоти рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам.

Бино ба гуфтаи мутахассиси Кумита, ба ин тариқ, вазъият дар ин самт дар кишвар каме рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар саросари ҷумҳурӣ ба сурати умум 922 шаҳрвандони сироятшуда аз ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 344 нафарашон занон мебошанд.

Ҳамчунин Сабоҳати Рустам хабар дод, ки дар соли 2021 теъдоди занони гирифтори нашъамандӣ дар кишвар 107 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин (соли 2020) 3 нафар камтар аст.

Сабоҳати Рустам иброз дошт, ки дар Тоҷикистон асосан духтарони ҷавон ба нашъамандӣ гирифтор мешаванд.

Зимнан зикр шуд, ки давоми як сол дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 4 ҳазору 749 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.