Сабабҳои садамае, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов ҳалок шуд, баланд будани суръати ҳаракати автомашина ва гардиши хатарнок дар роҳ мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов.

Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки овозхон суръатро аз меъёри муқарраршуда то 100 км/соат баланд кардааст, ки ба садама дар гардиши роҳ боис шудааст.

Бу гфтаи Шарипов, яке аз мусиқачии бар асари ин садама бистаришуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки Дамирбек Олимов машрубот нӯшидагӣ набуд, лекин суръатро баланд карда, дар дасташ телефон мусиқӣ монданӣ буд.

Садама рӯзи 5 феврал тақрибан соати 01:40-и шаб рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Сомғор-Хуҷанд” дар мавзеи Боғи миллии “Ваҳдат” овозхон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин чаппа мешавад ва якчанд маротиба чарх мезанад.

Дамирбек Олимов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари автомашина дар бемористон бистарӣ шуданд.

Як манбаи наздик ба сароянда ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пеш аз садама Олимов дар як тӯй дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст.

Ҷасади Дамирбек Олимов рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба хок супурда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.