Раёсати маорифи Суғд дар пайи афзоиши шумори муҳоҷиршавии омӯзгорон бо ирсоли дархост аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд хостааст имтиёзҳои барқу, сӯзишворӣ, додани қитъаи замин ба омӯзгоронро дигарбора эҳё кунанд.

Ахиран масъулин тасдиқ карданд, ки ба далели кам будани музди меҳнат ё мавҷуд набудани ҳавасмандкунӣ тарки мактаб кардани муаллимон зиёд шудааст.  

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ, 16-уми феврал гуфт, бо сабабҳои гуногун соли гузашта 3 ҳазору 754 омӯзгор тарки мактаб карда 2 ҳазору 303 нафар аз онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ӯ сабабҳои афзоиши шумори аз кор рафтани омӯзгоронро гузаштан ба кори дигар, расидан ба синни нафақа, фавт, ивази ҷойи зист номид. Ҳамзамон гуфт, “616 нафар бо хоҳиши худ, 156 нафар бинобар кам будани маош тарки вазифа карда 37 нафар омӯзгорони ҷавон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд”.

 

“Аз кор рафтани омӯзгорон, ки имсол мушоҳида шуд, солҳои пеш ҳам буд. Аммо имсол якбора ин муаммо пайдо шуд ва мо фавран ба таҳлил гузаштем. Мо панҷ соли охирро таҳлил кардем, ҳамасола муҳоҷирати меҳнатии омӯзгорон будаст, мо ба ин масъала он қадар эътибор медодаем. Солҳои пеш ҳам аз 1000 то 2000 омӯзгор ба муҳоҷират рафтаву омада будаанд. Аммо имсола ин раванд каме зиёд шуд”,-мегӯяд, Осим Каримзода.

Дар пайи дастаҷамъона аз мактаб рафтани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ норасоӣ ва эҳтиёҷ ба 851 нафар пайдо шудааст. Муассисаҳои таълимии Суғд ба гуфтаи масъулин ба 755 нафар мутахассис эҳтиёҷ дошта, норасоии омӯзгорон 96 нафар зиёд шудааст.

Аммо сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, эҳтиёҷ ба омӯзгорро аз ҳисоби ба кор ҷалб кардани мутахассисони ҷавон, муҳассилини гурӯҳҳои ғоибона ва шартномавии мактабҳои олӣ, нафақахӯрон ҷуброн карда истодаанд.

“Бояд гӯем, ки аз сабаби якбора ба муҳоҷират сафар кардани омӯзгорон мо маҷбур шудем нафароне, ки фосилавӣ ва ё ғоибона таҳсил мекарданд ва ё нафақахӯронро ба кор даъват кунем. Омӯзгороне, ки фосилавӣ мехонданду мо онҳоро ба кор ҷалб кардем, албатта чанд зина аз муаллимон фарқ мекунанд”-гуфт, Осим Каримзода

Чаро омӯзгорон тарки мактаб карданд?

Радиои "Озодӣ"

Ахиран масъулини маориф гуфтанд, ки сабаби аслии тарки мактаб кардани омӯзгорон кам будани музди меҳнат ва набудани имтиёз мебошад. Осим Каримзода гуфт, он имтиёзҳое, ки дар замони Шӯравӣ мавҷуд буд, мехоҳанд дигарбора барои пешгирӣ аз афзоиши раванди тарки кор кардани мутахассисон дар соҳаи маориф барқарор кунанд.

“Мо ба Вазири маориф ва раиси вилояти Суғд пешниҳод кардем, ки бояд чун солҳои пешин  ба қувваи барқ ва сӯзишворӣ ба омӯзгорон дар деҳот имтиёз аз нав барқарор карда шавад. Пешниҳоди дигар ин баланд бардоштани маоши директори мактаб аст, ки хоҳиши кор карданро пайдо кунад. Зеро ҳоло маоши директорони мактаб кам аст ва дар баъзе шаҳру ноҳияҳо интихоби директор муаммо буда, муаллимон намехоҳанд директор шаванд”.

Сардори Раёсати маорифи Суғд мегӯяд, боз ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тариқи хаттӣ пешниҳоди дигаре ирсол карда хостааст ба омӯзгорони деҳот  заминҳои кишоварзии дар ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо мавҷуда дода шавад.  “Андозро медиҳанд, обмониро мекунанд аз ҳосил фоида мегиранд.

Баъзе соҳибкорони муваффақ заминро гирифтанду худашон кор намекунанд фоидаашро мегиранд дигаро мемонанд. Ҳамин нобаробариро мо бояд дар деҳот ислоҳ кунем. Муаллимони мӯҳтарами мо бисёр нозуктаб, мулоҳизакор ва ботаҳаммул ҳастанд. Бисёр чизҳоро гап намезананд”.-мегӯяд, ӯ

Дар вилояти Суғд 944 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда дар он ба 40 ҳазору 16 нафар штати корӣ мавҷуд мебошад ва ба гуфтаи масъулин шумораи воқеъии омӯзгорон ба як басти корӣ 37 ҳазору 987 нафар мебошад.

“Фирори мағзҳо” ва рӯй овардани садҳо мутахассиси соҳаи маориф ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳолест, ки соли гузашта мактбҳои миёнаи Суғдро 6573 нафар хонанда тарк карда ҳамроҳи хонаводаи худ муҳоҷир шудаанд. Раёсати маориф мегӯяд, бино ба ахбороти фаврӣ 5775 нафар аз онҳо дар муассисаҳои таълимии Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.