Санаи 16 феврал Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) Қозидавлат Қоимдодов бо сафири Курёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд.
Дафтари матбуоти АKDN мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Сафорати Кореяро тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва AKDN мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои муассирро таъкид намуда, бар аҳамияти густариши шарикӣ дар чанд бахш, аз қабили иҷтимоъиву иқтисодӣ ва маориф таъкид карданд.
Зикр гардид, ки таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти дарозмуддати барномаҳои AKDN ва хадамотҳои он ба беҳтар шудани сифати зиндагии мардуми тоҷик мусоидат намуда истодаанд.
Дар охир ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум изҳор намуданд.
Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста