Тағойбобо Шукрзод (Шукуров) ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар субҳи имрӯз, дар синни 68-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ хабар медиҳанд.
Тағойбобо Шукурзод 8 рӯз пеш ба синни 68-солагӣ расида буд. Ӯ 10-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ хатм карда, форуғуттаҳсили риштаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд.
Корро ба унвони муаллим аз мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Панҷу Восеъ оғоз карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор пардохтааст.
Солҳои 1986-1988 аспиранти кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Укроин буда, моҳи апрели соли 1991 дар ҳамин донишкада рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ, дар Донишгоҳи Кӯлоб мудири кафедра таъин мешавад.
Солҳои 1994-2000 декании факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Солҳои 2000-2003 корманди масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон буд.
Соли 2003 рисолаи доктории худро дифоъ мекунад ва ҳамин сол ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалии Тоҷикистон таъин мешавад. Соли 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар таъин мешавад, ки то соли 2012 дар ин симат кор мекунанд.
Тағойбобо Шукурзод муаллифи китоби дарсии «Физика» барои синфи 10 ва китобу дастуру мақолаҳои илмии зиёде буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста