Дар Душанбе ба муносибати рӯзи 23 феврал баргузории гузашти ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ” ба нақша гирифта нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки дар ин рӯз дар “Кохи Ваҳдат” бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консерти идона доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар пойтахт ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз 17 то 22 феврал дар Филармонияи давлатӣ Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” ҷараён дорад.

Фестивал ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардида, бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 105,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд. 23 феврал дар Тоҷикистон рӯзи корӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.