Имрӯз яке аз хушномтарин мансабдорони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз мардумитарин мансабдорони сохторҳои низомӣ,  яке пуршахсияттарин генералҳои тоҷик Саидамир Зуҳуров ба синни 71 мерасанд.

Зуҳуров аз генералҳоест, ки ҳама: чӣ мухолифу чӣ мувофиқ дар бораи ӯ ва коркардҳояш дар тими Эмомалӣ Раҳмон назари мусбат ва андешаи нек доранд. Ин на ба ҳар мансабдоре, хусусан мансабдоре, ки дар лаҳзаи бисёр ҳассос – ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти нафари аввал дар вазоратҳои амнияту корҳои дохилиро дошт, муяссар мешавад. Зуҳуров, шахсият, кордонӣ ва маҳоратҳои ҳирфаияш марзҳои Тоҷикистонро гузаштаву ба унвони як шахсияти кордон дар хориҷ ҳам эътироф шудааст.

Мутаассифона, солҳои ахир ин генерали мардумӣ, бар асари беморие, ки доранд хонашин шуданд ва аз ҷомеаву мардуми кишвар, ки як умр барояшон хидмат кардаанду орзу доштанд, ки солиёни дароз хидмат кунанд, дур мондаанд. Дар ҳалқаи хонавода, зери назорати духтурҳову нигаҳбонии фарзандонашон давлати пирӣ меронанд.

Саидамир Зуҳуров ва профессор Ибрoҳим Усмонов. Дар анҷоми намоиши "Даҳ рӯзи генерал - Шерак"-и Усмонов, ки ба рӯзгори ин генералӣ устураӣ бахшида шудааст.

Мо зиёд талош кардем, бо ин генерале, ки ҳазорҳо ҳарф барои гуфтан доранду миллионҳо кас барои шунидан, як мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом диҳем. Аммо  хонаводаашон ризоят надоданд, ки пизишкон иҷзои суҳабти зиёд намедиҳанд, хусусан дар мавзуъҳои ҳасос. Аммо мо сахт подармиёнӣ кардем ва исрор варзидем, ки генерал Зуҳуров як нафари муқаррарӣ нест ва ҷомеа дар бораи дар куҷо будану дар чӣ аҳвол қарор доштанашон донистан мехоҳад. Ниҳоят, худи Зуҳоров бо бузургвории зотие, ки хоси худашон аст, алорағми тавсияҳои сахтгиронаи пизишкон розӣ шуданд, ки ҳамагӣ чанд дақиқа суҳбати кӯтоҳ кунем.

Мо ҳам, ба далели манзарае, ки гуфтем, талош кардем як суҳбати “ҳолпурсӣ” дошта бошем.  Аз хонандаҳои бешумор, пешопеш узр мехоҳем, ки натавонистем, он чиро, ки онҳо ва ҷомеаи ниёз ба шуниданаш доштанд, бипурсем.  

Салом ҷаноби генерал, ман рӯзноманигори “Азия-Плюс”, Иршод Сулаймонӣ.

- Салом, бисёр хуб, аммо ман зиёд, дуру дароз гап зада наметавонам, узр.

20-уми феврал ҳам зодрӯзи Шумост ва ҳам дар пешорӯйи 29-мин солгарди таъсиси Артиши миллӣ қарор дорем. Шумо як генерали хидматкарда ва ҳам генерали мардумӣ ҳастед. Гуфтем як суҳбат кунем.

- Ман бисёр хурсанд, ташаккур. Аммо шумо медонед вазъи саломатиям хуб нест, бисёр гап зада наметавонам. Як савол агар бошад, кӯтоҳ гап мезанам.

Саволи аввали мо аз саломатиятон аст.

- Раҳмати калон, ташаккур. Миннатдорам. Ман “Азия-Плюс”-ро ҳамеша эҳтиром мекардаму мекунам, доим мехонадам. Як чизро бигӯям, ки ҳамин “Азия-Плюс”, Умед Бобохонов дар рӯзҳои вазнинтарин ҳамроҳи мо, ҳамроҳи ҳукумат буданд.

Мамнун, зинда бошед.  Ҳамасола зодрӯзи шумо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чанд рӯз давом мекунад.  Ғалат нест агар бигӯйем, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик мекунанд ва муҳаббат доранд. Сарчашмаи ин ҳама аз куҷост?

- Агар хидмати ҳалолу покиза кунӣ, ватанатро дӯст дорӣ, мардумат ҳам дӯстат медоранд. Аз ҳамин ҷо, чизи дигаре нест.

аз Радиои "Озодӣ"

Дар ин шабу рӯзҳои ахир, ки хонашин ҳастед, ба чӣ меандешед, зиёдтар дар бораи чӣ фикр мекунед?

- Ростӣ, ман чанд соли ахир ҳам нафақахур ҳастаму ҳам бемору хоб. Танҳо як умед дорам: Худои таъоло ҳамин тинҷиро аз сари Тоҷикистон дур накунад.  Барои он ки Тоҷикистон нағз инкишоф ёфта истодааст. Албатта камбудиҳо ҳам бисёранд, аммо камбудӣ дар тамоми дунё ҳаст. Солҳои сол аст, ки беморам. Як рӯз писаронам гуфтанд, ки биёед, падар як Душанберо тамошо кунем. Албатта то ин вақт танҳо дар телевизион медидам.

Хонаи мо дар кӯчаи Турсунзода аст. Рафтем то маҳаллаи “Воданассос”, баъдан тавассути кӯчаи Рӯдакӣ тамошо кардем. Як шаби дигар рафтем қисматҳои дигар, аз ҷумла эстакадаҳоро тамошо кардем.

Як андеша ба сарам омад. Ман дар Душанбе донишгоҳ хондам, баъдан даҳҳо бори дигар ба сафари хидмативу корҳои шахсиям омада будам. Аммо он Душанбее, ки ман солҳои 70-80-ум нағз медонистам  дар назари Душанбеи ҳозир як деҳа метобад. Зебо шудааст. Барои ҳамин гуфтам, ки офарин ба ҳамин мардум. Мегӯянд, ки ба Худододагон ситеза макун, ки ба онҳо Худо додааст. Хуб, тавонистанд карданд. Ҳамин қадар сол мегуфтанд, ки дар Душанбе аз чорошёна боло хона кардан мумкин нест, зеро заминларза мешавад. Ҳоло 15-16-ошёна сохта истодаанд. Фақат орзу мекунем, ки сулҳ бошад, тинҷиву амонӣ бошад.  Дигар ҳеч ҳарфе надорам.
Аҳмадшоҳ Масъуд дар меҳмонии Саидамир Зуҳуров

- Ҷаноби генерал, шуморо яке аз дӯстони хубу содиқи мардуми Афғонистон медонанд. Ин шабу рӯзҳо ҳаводисе, ки дар Афғонистон мегузарад, пайгирӣ мекунед?

- Бале, ман солҳои зиёд дар Афғонистон кору хидмат кардаам.  Дар он ҷо дӯстони бисёр доштам. Аз ҷумла яке аз дӯстони беҳтарини ман худораҳматии Аҳмадшоҳи Масъуд буд.  То ҳоло ҳам, то ҳамин табаддулоти охиронашон омада маро хабар мегирифтанд.

Мо бояд орзу ва талош кунем, ки Худо ҳарчи тезтар дар Афғонистон сулҳ биояд. Зеро ҳамсояи мо аст.  Мегӯянд, ки хонаи ҳамсоя сӯхт, хонаи ту ҳам месӯзад.

Аз Аҳмадшоҳ Масъуд ёд кардед, ҷаноби генерал. Солҳои ахир борҳо пешниҳод мекунанд, ки Масъуд дар сулҳи Тоҷикистон ҳам нақш дорад ва бояд хиёбоне ба номаш гузошта шавад.  Шумо ин фикрро тарафдорӣ мекунед?

- Ин пешниҳоди беҳтарин аст, ман дастгирӣ мекунам. Зеро дар ҳақиқат, яке Аҳмадшоҳи Масъуд ва яке Бурҳониддин Раббонӣ дар сулҳи Тоҷикистон бисёр хидмат кардаанд. Сад дар сад ин пешниҳод дуруст аст.

Ба мардуми Тоҷикистон, ба ҳаводорони худ, ба хонандаҳои “Азия-Плюс” чӣ ҳарфи гуфтанӣ доред?

- Ба мардум инро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамин ҷанги лаънатӣ ташвиши мардумро бисёр зиёд кард. Худо кунад, ки мардуми мо сиҳату саломат бошанду на ҷанг бошаду на ҷанҷол. Ва дигар мардуми мо нотинҷиву норомиро аз сар нагузаронад. Ҳамин қадар гапи гуфтанӣ дорам.

Як чизи дигар, ман орзуҳои неке барои кормандони “Азия-Плюс” мекунам. Як ниҳоде буд, ки дар ҳамон рӯзҳои мушкил то охир ҳамроҳи ман буданд, ёрдам мекарданд, ки зудтар дар Тоҷикистон сулҳ шавад.  Ба ҳамаашон саломи маро расонед.

Мо ҳам барои шумо ин орзуҳои некро дорем, садсолаҳо умур бинед.

- Узр, бахшиш, ки зиёд гап зада наметавонам.

...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.