Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ба аввали соли 2022 зиёда аз 36,6 млн сомонӣ (3,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла қарзҳои ҷамъшуда дар соли 2021 ба ҳудуди 9,8 млн сомонӣ (870 ҳазор доллар) баробар аст.

Ҳаҷми умумии қарзи ҷамъшуда аз маош давоми соли 2021 ба андозаи 48,2 млн сомонӣ (4,3 млн доллар) кам шудааст. Аввали сол маблағи умумии ин қарзҳо 84,8 млн сомониро ташкил дода буданд.

Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз музди меҳнат пас аз болоравии босуръат дар соли 2020 аз моҳи феврали соли гузашта оғоз шуд.

“Камшавии  қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат  дар  ҳамаи  намудҳои  фаъолияти  иқтисодии  бахши  воқеӣ  ба  қайд  гирифта шудааст”, - зикр мекунанд дар Агентии омор.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 14,6 млн сомонӣ, саноати коркард - 6,6 млн сомонӣ ва сохтмон - 5 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин соҳаҳо зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии қарз рост меояд.

Дар охири соли 2021 музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 1812 (160 доллар) ва ҳадди ақал - 400 сомонӣ (35 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо 5853 сомонӣ (520 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ба 750 сомонӣ (66 доллар) баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.